ҲНИТ то ҳол ба воридоти тағйирот ба қонуни интихоботи президент умедвор аст

Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ вазъи сиёсии кишварро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, дар мавриди такроран пешниҳод намудани лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ ба Маҷлиси намояндагон тасмим гирифт. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба вакилони ҳизб дар парлумон супориш дод, ки бо истифода […]

ASIA-Plus


Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ вазъи сиёсии кишварро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, дар мавриди такроран пешниҳод намудани лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ ба Маҷлиси намояндагон тасмим гирифт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба вакилони ҳизб дар парлумон супориш дод, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва дар машварат бо гурӯҳи тадорукот оид ба тағийиру иловаҳо ба қонуни мазкур лоиҳаи мазкурро бо дарназардошти диду назарҳои баҳсшуда дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон бори дигар пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, инчунин ҳайати наверо ҷиҳати омӯхтани бандҳои алоҳидаи баъзе қонунҳо ва омода кардани лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба онҳо, бахусус қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ва қонун дар бораи масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд таъсис дод.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров санаи 21-уми январи соли равон тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон»

рад карда шуд.

Ҳамчунин чанде қабл дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайни изҳор кард, ки намояндагони ҳизб дар парлумон баҳри қабули тағийрот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот» дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ

аз тамоми имконоти мавҷуда

истифода хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.