Сафири Тоҷикистон дар ҳузури президенти Қирғизистон

Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев эътимоднома супурд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек, дар маросими супурдани эътимоднома сафири тозатаъини Тоҷикистон таъкид намуд, ки мардуми Тоҷикистону Қирғизистонро муносибатҳои дӯстиву ҳамҷавории таърихӣ ба ҳам мепайвандад ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев эътимоднома супурд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек, дар маросими супурдани эътимоднома сафири тозатаъини Тоҷикистон таъкид намуд, ки мардуми Тоҷикистону Қирғизистонро муносибатҳои дӯстиву ҳамҷавории таърихӣ ба ҳам мепайвандад ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва шарикона бо Қирғизистон мебошад.

Дар навбати худ президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев Олим Раҳимовро ба муносибати ба иҷрои вазифаи сафири Тоҷикистон шурӯъ карданаш табрик гуфта, манфиатдории Қирғизистон дар таҳкими муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ ва рушди минбадаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро таъкид дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.