Худкушии боз 3 нафар дар вилояти Суғд

Тайи ду рӯзи ахир дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз се нафар даст ба худкушӣ заданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл сокини 63-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Т.А. дар манзили зисташ худро ба дор овехтааст. «Дар ноҳияи Ғончӣ марди 45-сола, соҳиби чор фарзанд М.К. ва […]

Мавлуда Рафиева


Тайи ду рӯзи ахир дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз се нафар даст ба худкушӣ заданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл сокини 63-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Т.А. дар манзили зисташ худро ба дор овехтааст.

«Дар ноҳияи Ғончӣ марди 45-сола, соҳиби чор фарзанд М.К. ва дар ҷамоати Шободи ноҳияи Ашт низ сокини 56-сола бо ҳамин восита даст ба худкушӣ задаанд», – гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо тафтишот ҷараён дошта, сабабҳои ба ин амал даст задани шахсони зикршуда мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, моҳи январи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 18 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан (ҳамин давраи соли 2012 низ 18 ҳодиса), аз ҷумла 3 ҳодиса кӯшиши худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Миёни онҳо 7 нафарашонро мардону 1 нафарро писарчаи ноболиғ ва 10 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.