ИМА нерӯҳои низомиашро тавассути Тоҷикистон хориҷ карданӣ нест

Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк изҳор намуд, ки дар мавриди хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон ИМА аз қаламрави Тоҷикистон истифода карданӣ нест. «Дар яке аз машваратҳо президенти ИМА изҳор кард, ки хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон моҳи феврали соли […]

Пайрав Чоршанбиев


Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк изҳор намуд, ки дар мавриди хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон ИМА аз қаламрави Тоҷикистон истифода карданӣ нест.

«Дар яке аз машваратҳо президенти ИМА изҳор кард, ки хурӯҷи нерӯҳои низомии Амрико аз Афғонистон моҳи феврали соли оянда дар назар аст, аммо то ҷое ман огаҳӣ дорам, хурӯҷи нерӯҳои низомӣ тавассути қаламрави Тоҷикистон пешбинӣ намешавад», – гуфт вай.

Ёвари Котиби давлатии ИМА ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии таъмини субот дар минтақа изҳори минннатдорӣ намуд.

«Ба ман фурсат даст дод, ки ба президенти Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳо ҷиҳати таъмини субот дар Афғонистон ва ҳамчунин пуштибонӣ аз тамоми кӯшишҳои аз ҷониби эътилоф суратгирифта баҳри таъмини субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори миннатдорӣ намоям», – иброз дошт номбурда.

Р.Блейк зикр кард, ки зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар бахши таҳкими марзҳо, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

«Ҳамчунин атрофи як қатор масоили марбут ба маъракаи интихоботии президентиии моҳи ноябр дар Тоҷикистон низ табодули назар сурат гирифта, мо аз сарвари давлат дархост намудем, ки баргузории интихоботи озоду шаффоф ва ҳамчунин озодии ВАО-ро таъмин намояд», – баён кард ӯ.

Номбурда таъкид кард, ки ин тамоми масоиле буд, ки зимни мулоқот бо президент матраҳ гардид ва илова намуд, ки масъалаи истифодаи имконпазири кадоме аз иншооти низомӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби ИМА баррасӣ нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.