Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои низомӣ аз ҷониби президент

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда аз 80 нафар ходимони ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии низомӣ сарфароз гардонд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, қабл аз оғози маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати таҷлили солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ зиёда аз 80 нафар ходимони ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии низомӣ сарфароз гардонд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, қабл аз оғози маросими мукофотсупорӣ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нахуст кулли ходимони ҳарбӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳамчунин собиқадорони соҳаро бо солгарди 20-уми таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбӣ ва ба мардуми кишвар фазои орому осуда ва сулҳу суботи пойдору устувор таманно намуд. Бо ёдоварӣ аз таърихи 20-солаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди Артиши миллии давлати Тоҷикистон ва таҳкими амнияту суботи ҷомеа саҳм гузоштаанд, арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

Сипас бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст мукофотҳои давлатӣ супурда шуд. Ҳамин тариқ Вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи 2 сарфароз гардид.

Бо ордени Зарринтоҷ дараҷаи 2 Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, Фармондеҳи Гвардияи Миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Шералӣ Мирзо сарфароз гардонда шуданд.

Ордени Спитамен дараҷаи 1 ба Сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ Абдураҳмон Азимов, Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ Сайдамир Зуҳуров, Котиби Шӯрои амнияти кишвар Абдураҳим Қаҳҳоров, Комиссари ҳарбии вилояти Суғд Азам Қосимов, Муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулазиз Ҷалов, Муовини якуми Вазири адлия – Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Изатулло Шарипов, ду собиқадори соҳа генерал-майори мустаъфӣ Сӯҳроб Қосимов ва генерал-майори мустаъфӣ Саидшо Шамолов тақдим гардид.

Хизматҳои шоёни Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амирқул Азимов бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр карда шуд.

Нафарони зиёди дигар аз Вазорати мудофиаи кишвар, навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои қудратию мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот барои хизматҳои шоёни худ дар назди халқу Ватан бо ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, медалҳои Ҷасорат, Хизмати шоиста, Шафқат, Марзбони шуҷои Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Сипас фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дода шудани рутбаҳои олии низомӣ ва махсус қироат карда шуд.

Ҳамин тариқ ба Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов рутбаи навбатии генерал-лейтенанти адлия ва ба Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Миллопар Бандишоев рутбаи навбатии генерал-майори адлия дода шуд. Бо рутбаи навбатии генерал-майор, ҳамчунин Муовини якуми фармондеҳи Гвардияи миллӣ Ҷонибек Алиев, Муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ Раҷаб Маҳмадалиев, Муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ Қиёмиддин Самарзода, Муовини сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сайдамир Одинаев, Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Холбаш Холбашев, Сардори шуъбаи фаврӣ-ҳарбии «Суғд»-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ Ҳикматулло Пираков, Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Навҷувонов, Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ Неъматулло Қурбонов, Сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ Шодибек Раҷабов, Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Абдураҳмон Бузмаков, Сардори Раёсати ташкилӣ ва сафарбарӣ-Муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ Хушбахт Мироваров ва Муовини якуми фармондеҳ-Сардори Сарситоди Қӯшунҳои хушкигард Муҳамадӣ Ҷӯраев сарфароз гардонда шуданд.

Пас аз анҷоми маросими мукофотсупорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафарони бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олии низомию махсус сарфарозгардида ва дар симои онҳо тамоми муҳофизони шуҷои марзу буми Тоҷикистонро бо солгарди 20-уми Қувваҳои Мусаллаҳ табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки ҳар яки онҳо ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон, якпорчагии Ватани азиз ва фазои орому осудаи ҷомеа бо садоқати олӣ тамоми кӯшишу матонати хешро равона месозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.