Акнун тибқи қонун замин ба гарав гузошта мешавад

Тибқи тағийроти қабулшуда ба қонун «Дар бораи ипотека» дар ҷаласаи имрӯза парлумон, акнун дар Тоҷикистон барои гирифтани қарзи бонкӣ ба гарав гузоштани замин (бо ҳуқуқи истифода ва ҳуқуқи мусодира) мумкин аст. Зимни шарҳи тағйирот ба қонуни мазкур муовини раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдукарим Неъматов зикр кард, ки ин тағйирот ба суръатбахшии ислоҳот дар бахши кишоварзӣ […]

Аваз Юлдошев


Тибқи тағийроти қабулшуда ба қонун «Дар бораи ипотека» дар ҷаласаи имрӯза парлумон, акнун дар Тоҷикистон барои гирифтани қарзи бонкӣ ба гарав гузоштани замин (бо ҳуқуқи истифода ва ҳуқуқи мусодира) мумкин аст.

Зимни шарҳи тағйирот ба қонуни мазкур муовини раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Абдукарим Неъматов зикр кард, ки ин тағйирот ба суръатбахшии ислоҳот дар бахши кишоварзӣ ва зудтар дастрас шудани қарзҳои бонкӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони алоҳида мусоидат хоҳад кард.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов ба тағйироти пешниҳодшуда қотеъона изҳори норозигӣ намуд. «Ба гарав гузоштани замин барои дастрас намудани қарзҳои бонкӣ барои кишварҳое қобили қабул аст, ки дар онҳо замин моликияти хусусӣ мебошад, дар Тоҷикистон бошад, тибқи Конститутсия замин моликияти истисноии давлат аст ва хариду фурӯши он манъ мебошад», – гуфт Шабдолов.

Ба қавли ӯ, қабули тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ипотека» ба равнақи минбаъдаи хариду фурӯши ғайриқонунии замин дар ҷумҳурӣ заминаи бештар мусоид фароҳам меоварад.

Ба андешаи вакили палатаи поёнии парлумон Маҳмадалӣ Ватанов, тағйироти пешниҳодшуда ба Кодекси замини моҳи августи соли гузашта қабулшуда мутобиқат мекунанд.

Зимни суханронӣ дар ин робита вакили парлумон Суҳроб Шарифов изҳор кард, ки ҳанӯз шаш сол пеш ҳангоми қабули қонун «Дар бораи ипотека» дар Тоҷикистон намояндагони бахши бонкӣ ба ҳама итминон дода буданд, ки пас аз қабули он қоидаҳои пешниҳоди қарзҳои бонкӣ ба аҳолӣ ба куллӣ дигаргун мешаванд. «Аммо дар давоми шаш сол чизе тағйир наёфт», – зикр кард Шарифов.

Ба эроди вакил намояндаи Бонки миллӣ зикр кард, ки барои амалисозии бандҳои қонун «Дар бораи ипотека» ба бонкҳои кишвар дастгирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст.

Дар натиҷа тағйирот ба қонун «Дар бораи ипотека»-ро вакилони парлумон бо аксарияти овозҳо маъқул шумориданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.