Ба муовини раиси ҲУСДТ бо телефон таҳдид мекунанд

Як шахси номаълум тавассути рақами телефонии махфие ба муовини раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов занг зада, таҳдид намудааст, ки агар ӯ бори дигар дар Қоллегияи адвокатҳои Тоҷикистон пайдо шавад, ӯро ба ҳалокат мерасонад. Ба қавли Шокиров, Эътилофи ҳизбҳо оид ба тағйир додани қонунгузории интихоботи президент ҳар ҳафта дар Коллегия гирдиҳам омада, масъалаи такмили […]

ASIA-Plus


Як шахси номаълум тавассути рақами телефонии махфие ба муовини раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов занг зада, таҳдид намудааст, ки агар ӯ бори дигар дар Қоллегияи адвокатҳои Тоҷикистон пайдо шавад, ӯро ба ҳалокат мерасонад.

Ба қавли Шокиров, Эътилофи ҳизбҳо оид ба тағйир додани қонунгузории интихоботи президент ҳар ҳафта дар Коллегия гирдиҳам омада, масъалаи такмили қонунгузорӣ ва имкони пешбарии номзади ягонаро баррасӣ мекунад.

«Ғайр аз ин, ман шахсони ниёзмандро низ дар онҷо ба ҳузур пазируфта, ба ҳалли мушкилоташон расидагӣ мекунам. Бори охир ду нафар, яке аз Исфараву якеи дигар аз Кӯлобро то як соати ҷаласаи Эътилоф ба ҳузур пазируфта будам. Ҳамчунин рӯзи 14-уми феврал ба сифати коршинос иштирок кардан дар мурофиаи судии рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва Рустам Ҳукумов ба манфиати рӯзнома розигӣ додам», – андеша меронад сиёсатмадор дар бораи рӯйдодҳои ахир.

Ба гуфтаи муовини раиси ҲУСДТ, шахси зангзада таваҷҷуҳашро маҳз ба бори дигар дар Коллегия пайдо нашуданаш ҷалб намудааст. «Қаблан ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ маро ҳушдор медоданд, ки бештар эҳтиёткор бошам, вале бо телефон занг задану рӯирост ва дағалона таҳдид кардан бори аввал аст», – иброз дошт вай.

Сиёсатмадор мегӯяд, рӯзи 18-уми феврал ӯ санади сабти тамоми зангҳо ба телефони ҳамроҳашро гирифта, ҳамроҳ бо ариза ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдааст ва дархост намудааст, ки шахсияти зангзада муайян ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шавад.

«Ҳадафи аслии ман қотеъона пешгирӣ намудани чунин ҳангомаҳо аст, вагарна чунин амалҳо барои тарсонидани дигар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ё пешвоёни ҳизбҳои сиёсии алтернативӣ низ истифода шуда метавонанд», – баён дошт ӯ.

Худи Ҳакимов бар ин назар аст, ки таҳдидҳо бинобар сабаби мавқеи фаъолонаи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ доштани ӯ сурат гирифтаанд.

«Ба ҳамагон маълум аст, ки ман боадабона ва ошкоро андешаҳои худро оид ба ин ё он масъала дар расонаҳои хабарӣ иброз медорам ва шояд ба нафароне ин маъқул набошад. Ғайр аз ин, маълум аст, ки ин соли муҳиму ҷиддӣ аст, зеро имсол маъракаи интихоботи президентӣ доир мегардад ва шояд бо ҳамин тарз номзадҳо ба курсии президентӣ ё ҷонибдорони номзадҳои алтернативиро тарсониданианд. Дар ҳама гуна ҳолат баррасии аризаи маро интизор мешавем, то ки аз мақсади шахси ба ман таҳдидкарда огаҳ гардем», – афзуд Ш.Ҳакимов.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.