Хатлон: Баррасии такрории парвандаи сарбози гумонбар ба қатли ҳамхизматаш

Суди низомии гарнизони вилояти Хатлон баррасии такрории парвандаи ҷиноӣ нисбати хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҶТ сарбоз Пирмадбой Мамадалиро тибқи моддаи 104, қ. 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) оғоз кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур судяи суди низомии гарнизони вилояти Хатлон Зоир Мӯъминов хабар дод, рӯзи 25-уми декабр ҳайати мушовараи кассатсионии Суди […]

Сайраҳмон Назриев


Суди низомии гарнизони вилояти Хатлон баррасии такрории парвандаи ҷиноӣ нисбати хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҶТ сарбоз Пирмадбой Мамадалиро тибқи моддаи 104, қ. 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) оғоз кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур судяи суди низомии гарнизони вилояти Хатлон Зоир Мӯъминов хабар дод, рӯзи 25-уми декабр ҳайати мушовараи кассатсионии Суди олии ҶТ шикояти айбдоркунандаи давлатиро баррасӣ намуда, ҳукми суди низомии гарнизони вилояти Хатлон аз 11-уми октябри соли 2012-ро бекор кард. Акнун парванда барои баррасии такрорӣ дар ҳайати нави суд фиристода шудааст.

«Мо намояндаи ҷониби ҷабрдидаро интизор будем, вале аз он ҷониб мактуб гирифтем, ки онҳо иштирок дар мурофиаи судиро рад намуда, зикр кардаанд, ки ба судшаванда даъво надоранд», – иброз дошт судя.

Зимнан зикр гардид, ки ҷаласаи навбатии судӣ оид ба ин парванда санаи 25-уми феврали соли равон баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми октябри соли гузашта Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон хизматчии ҳарбии қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар ноҳияи Бохтар Пирмадбойи Мамадалиро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 387, қ. 2-и КҶ ҶТ (Вайронкунии қоидаҳои муносибат  бо яроқ ва бо предметҳое, ки барои атрофиён хавфи зиёд дорад ва аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардидааст) гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 соли зиндони низомаи умумӣ маҳкум кард.

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қӯрғонтеппа нахуст нисбат ба Пирмадбойи Мамадалӣ мутобиқи моддаи 104, қ. 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда буд. Сарбозро бар барқасдона куштани ҳамхизмати худ Холҷигитов айбдор карда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.