Талаби сафорат ҷиҳати тафтиши дақиқи қазияи Б.Сатторӣ

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  субҳи имрӯз аз хабари расонаҳо огоҳ гардид, ки бо шаҳрванди кишварамон Бахтиёр Сатторӣ, соли таваллудаш  17 октябри соли 1963, зодаи шаҳри Хуҷанд, чунин ҳодисаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайвастааст. Дар изҳороти пахшшудаи сафорат гуфта мешавад, дар натиҷаи мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум гардид, ки ҳодиса дирӯз поси шаб […]

ASIA-Plus


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  субҳи имрӯз аз хабари расонаҳо огоҳ гардид, ки бо шаҳрванди кишварамон Бахтиёр Сатторӣ, соли таваллудаш  17 октябри соли 1963, зодаи шаҳри Хуҷанд, чунин

ҳодисаи фоҷеабор

ба вуқӯъ пайвастааст.

Дар изҳороти пахшшудаи сафорат гуфта мешавад, дар натиҷаи мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум гардид, ки ҳодиса дирӯз поси шаб дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Москва рух додаст. Ҳоло дар ин хусус парвандаи ҷиноӣ боз гардида, муфаттишони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нагатино-Садовникии пойтахт ба баррасии ин қазия машғуланд. Дар бораи ҷузъиёти бештари ин қазия танҳо баъди ба анҷом расидани тафтишот метавон ҳарф зад.

Ҳамчунин маълум гардид, ки ҳоло шаҳрванд Б. Сатторӣ баъди гузарондани ҷарроҳӣ дар Бемористони клиникии №7-и шаҳри Москва бистарист.

Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз рух додани ин ҳодиса дар нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори таассуф ва нигаронӣ мекунад. Мо аз мақомоти марбутаи кишвари иқомат тафтиши ҳарчи зудтари ин қазия ва дарёфти ҷинояткоро талаб дорем. Бояд, ки ҷинояткор дастгир ва тибқи қонунҳои мавҷуда муҷозот шавад.

Сафорат бо ҳамин ният бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари иқомат пайваста дар тамос аст ва таҳқиқи ин қазияро мавриди назар қарор додааст.

Дар хабари баъдан расида аз сафорат зикр мегардад, ки дар натиҷаи мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум гардидааст, ки ҳодиса дирӯз поси шаб дар хиёбони Варшавское шоссе, 156 -и шаҳри Москва рух додаст. Ҳоло муфаттишони Шуъбаи корҳои дохилии ” Чертаново- Южное”-и пойтахт ба беморхона рафтаанд, то бо ҷабрдида мулоқот намоянд.

Ахиран духтури навбатдор хабар додааст, ки шаҳрванд Б. Сатторӣ ба палати шуъбаи ҷарроҳӣ гузаронида шуда, вазъи саломатияш қаноатбахш аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.