Корхонаи мурғпарварии ҷануб аз воридоти тухми эронӣ даст кашид

Бори нахуст дар корхонаи муштараки тоҷикиву эронии мурғпарварии «Як арча»-и ноҳияи Мӯъминобод аз воридоти тухм аз Эрон даст кашида, тухми истеҳсоли дохили кишвар ба инкубатсия хобонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов иттилоъ дод, ба туфайли роҳандозии ҳамкории судманд бо корхонаи ҳамсони «Сомон фуд»-и шаҳри Ваҳдат муяссар шудааст, ки ба онҷо […]

Турко Дикаев


Бори нахуст дар корхонаи муштараки тоҷикиву эронии мурғпарварии «Як арча»-и ноҳияи Мӯъминобод аз воридоти тухм аз Эрон даст кашида, тухми истеҳсоли дохили кишвар ба инкубатсия хобонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов иттилоъ дод, ба туфайли роҳандозии ҳамкории судманд бо корхонаи ҳамсони «Сомон фуд»-и шаҳри Ваҳдат муяссар шудааст, ки ба онҷо барои бозистеҳсол 9 ҳазор мокиён супурда шуда, акнун бозпас 45 ҳазор дона тухм гирифтаанд.

«Ин имкон медиҳад, ки арзиши аслии маҳсулот кам карда шавад, зеро воситаҳои асосии корхона барои харид ва ҳамлу нақли тухм тавассути нақлиёти автомобиливу ҳавоӣ аз Эрон масраф мешуданд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки айни замон барои фурӯш дар бозорҳои маҳаллӣ 50 тонна гӯшти парҳезӣ тайёр карда мешавад.

Ба гуфтаи номбурда, соли гузашта корхона барои фурӯш ба аҳолӣ 85 тонна гӯшти мурғ пешкаш намуда, соли равон ин нишондиҳандаро ба таври қобили мулоҳиза афзуданианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.