Чанде қабл дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ маросими муаррифиномаи ширкати эронии «Ҳомиёни илму технология» (RST) баргузор шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дафтари асосии кории ширкати мазкур дар шаҳри Машҳад воқеъ буда, бо истифода аз дастовардҳои навтарини илму техника, технологияҳои инноватсионӣ ва истифодаи роботҳо дар истеҳсолот, ширкат ба истеҳсолу фурӯши пӯлод, арматураи сохтмонӣ ва ашёи хом барои он машғул аст.
Дар маросими муаррифӣ пешниҳод гардид, ки арматураи истеҳсоли ин ширкат дар бозори Тоҷикистон ба фурӯш бароварда шавад, то ки истеъмолгарон барои муқоисаву интихоб имкон дошта бошанд.
Зимни суханронӣ дар ин маросим муовини раиси ПСС ҶТ Асаналӣ Карамалиев таъкид намуд, ки айни замон дар Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ дар бахшҳои гуногун босуръат идома доранд, аммо масолеҳи ширкатҳои истеҳсолкунандаи арматура на ҳамеша ба талаботи фармоишгар ҷавобгӯ аст. «Дар шароити бозор бошад, истеъмолгар бояд барои интихоб ҳуқуқ ва рақоботи озод мавҷуд бошад», – гуфт вай.
Карамалиев ҳамкорӣ бо ширкати эрониро муфид арзёбӣ намуда, аз намояндагони ширкат даъват ба амал овард, ки бо маҳсулоти худ дар намоигоҳи навбатии эронӣ дар ҶТ иштирок намоянд.



