Total гази Тоҷикистонро ба Чин содирот карданист

Дата:


Ширкати фаронсавии Total SA ба истихроҷи газ дар Тоҷикистон машғул шуда, минбаъд онро ба Чин содирот карданист.

Бино ба маълумоти

Bloomberg.com

, моҳи декабри соли гузашта Total бо Корпоратсияи миллии нафтии Чин (China National Petroleum Corp., CNPC) ва ширкати Tethys Petroleum Ltd корхонаи муштараке таъсис доданд, ки дар кони нафтугаздори «Бохтар» ба корҳои пармакунӣ машғул хоҳад шуд. Захираи гази табиӣ дар кони мазкур тақрибан 114 триллион фути мукааб арзёбӣ мешавад, ки ба гунаи мисол ин ҳаҷм аз захираҳои собитшудаи Норвегия ду маротиба зиёдтар аст.

Дар иттилоъ зикр мегардад, ки амалисозии муваффақонаи лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон талошҳои Русия оид ба интиқоли газ ба Чинро бештар заъиф месозад. Таъкид мегардад, ки муддати 10 сол аст, ки ширкати «Газпром» оид ба таҳвили газ ба Чин ба мувофиқа расида наметавонад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли гузашта мақомоти раҳбарии Tethys Petroleum

изҳор карда буд

, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ дар Тоҷикистон захираҳои хеле зиёди нафту газ ошкор шуданд, ки 27,5 млрд. баррели эквиваленти нафтиро ташкил медиҳанд ва 69%-и он ба гази табииву 31%-аш ба нафту конденсати газӣ рост меоянд.

Барои дарки ин миқёс захираҳо метавон онҳоро бо захираҳои кишварҳои пешсафи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон муқоиса намуд. Бино ба арзёбии ширкати Tethys Petroleum, айни замон захираҳои нафти Қувайт – 101,5 млрд., Русия – 77,4 млрд., Либия – 46,4 млрд. ва Қатар – 25,9 млрд. баррелро ташкил медиҳанд.

Аввали соли равон вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ бо намояндагони Ширкатҳои CNPC-и Чин, TOTAL-и Фаронса ва ширкати байналмилалии Teтиc – Петролеум Лимитед мулоқот анҷом дод.

Вазорат мухтасаран иттилоъ дода буд, ки роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ аз ҷумлаи ҳалафҳои мулоқот маҳсуб ёфта зикр гардид, ки ширкатҳои мазкур имконияти иштироки худро дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии нафту газ дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба иқдом хоҳанд намуд.

Нимаи ҳамин моҳ дар мулоқоти мақомоти раҳбарии ширкати Total бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Париж низ ин ширкат манфиатдории худ ба густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахши истихроҷи нафту газро таъкид намуд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное