Ҳабси узви фаъоли ҲНИТ дар Исфара барои майдаавбошӣ

Бо қарори суди шаҳси Исфара узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Абдуманнон Содиқов барои майдаавбошӣ ба муддати 15 рӯз ба ҳабс гирифта шуд. Тавре сомонаи расмии ҲНИТ иттилоъ медиҳад, дар маҷлисгоҳи идораи ҷамоати Сурх ҷаласаи занон бо иштироки муовини раиси шаҳри Исфара Ғаниева Олия, мудири шуъбаи дини ҳукумати шаҳр Аҳмадов Обидбой ва мудири бахши кор […]

ASIA-Plus


Бо қарори суди шаҳси Исфара узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Абдуманнон Содиқов барои майдаавбошӣ ба муддати 15 рӯз ба ҳабс гирифта шуд.

Тавре сомонаи расмии ҲНИТ иттилоъ медиҳад, дар маҷлисгоҳи идораи ҷамоати Сурх ҷаласаи занон бо иштироки муовини раиси шаҳри Исфара Ғаниева Олия, мудири шуъбаи дини ҳукумати шаҳр Аҳмадов Обидбой ва мудири бахши кор бо занони ҳукумат Алиматова мегузаштааст. Дар ин ҷаласа аъзои ҲНИТ низ даъват шуда будаанд.

Маннон Содиқов чун раиси бахши ҳизб мехост бидонад, ки суҳбат аз чӣ хусус аст, вале ин ҷаласа махсус барои занон гуфта, Содиқовро Аҳмадов нагузоштааст иштирок кунад, вале мувофиқи ҳалномаи суд ӯ такроран ба толор ворид шудааст ва гуфтааст, ки чаро аз чунин ҷаласа ӯ хабар надорад. Муовини раис ба ӯ гуфтааст, ки аз толор барояд, вале Содиқов ба ӯ дағалӣ нишон додааст. Раиси ҷамоати Сурх Содиқовро аз маҷлисгоҳ баровардааст.

Аз ин сабаб Ғаниева худро таҳқирдида шуморида, ба суд муроҷиат кардааст ва Аҳмадов ва Алиматова шоҳидӣ дода, тасдиқ кардаанд, ки Содиқов Ғаниеваро таҳқир кардааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.