Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону ИМА

Рӯзи 21-уми феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи тафсири солонаи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати расмии Тоҷикистонро дар машваратҳои мазкур Вазири корҳои хориҷӣ роҳбарӣ намуд. Инчунин дар ҳайати Тоҷикистон намояндагони мақомоти давлатии дахлдори кишвар ҳузур доштанд.  Роҳбари ҳайати америкоӣ Муовини […]

ASIA-Plus


Рӯзи 21-уми феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи тафсири солонаи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати расмии Тоҷикистонро дар машваратҳои мазкур Вазири корҳои хориҷӣ роҳбарӣ намуд. Инчунин дар ҳайати Тоҷикистон намояндагони мақомоти давлатии дахлдори кишвар ҳузур доштанд.

 Роҳбари ҳайати америкоӣ Муовини Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ буд. Дар ҳайати америкоӣ Сафири ИМА дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ шомил буданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, иқтисод ва тиҷорат, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, обу энергетика, вазъи ҳуқуқи инсон, амнияти сарҳад ва мубориза бар зидди маводди мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ ва бозсозии роҳҳо ва масъалаҳои обию экологӣ муҳокима гардиданд. Ғайр аз ин ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи фарҳангӣ ва таълимиро мавриди назар қарор доданд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба манфиатҳои ҳар ду кишвару миллат ҷавобгӯ буда, ба таҳкими сулҳу субот ва тараққиёт дар минтақа мусоидат менамояд.

Дар анҷоми машваратҳо, Вазири корҳои хориҷӣ аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки формати муколамаи имрӯза ба ҷонибҳо имкон медиҳад, то мавқеъ ва нуқтаи назари вазъи муносибатҳои дуҷонибаро баён намуда, роҳҳои пешравии он муносибатро муайян кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.