Вагонҳои боркаши «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 50 адад зиёд шуд

spot_imgspot_img

Дата:


Рӯзи панҷшанбе ба парки техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 50 адад вагонҳои нави замонавии боркаш ворид гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов хабар дод, вагонҳои нав аз корхонаи вагонсозии Крюковои Украина оварда шуда, ҳаҷми борбардории ҳар кадоме аз вагонҳо 70 тоннаро ташкил медиҳад.

«Аввали сол мо бо корхонаи Крюково барои дастрасии 100 адад вагони боркаш қарордод ба имзо расонида, миқдори аввали он иборат аз 50 вагон феълан ва 50 адад вагони боқимонда ояндаи наздик ворид мегарданд», – иброз дошт вай.

Ба қавли Собкалов, давоми соли равон харидории дигар техника низ дар назар буда, ҳамааш ба ҳаҷми даромади корхона вобаста аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта корхона 306 адад вагони боркаш, 15 адад вагони мусофирбар ва 306 адад тепловоз дастрас намуда буд. Бо назардошти вагонҳои феълан воридгардида, айни замон парки техникии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз  2 ҳазору 169 вагони боркаш, 432 вагони мусофирбар ва 59 тепловоз иборат аст.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...