Форуми муштарак ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон


Дар шаҳри Брюссел мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот Сафири Тоҷикистон ва Дабири кулли Хартияи энергетикӣ имконияти гузаронидани форуми муштаракро дар шаҳри Брюссел дар нимаи аввали соли 2013 бо мақсади ҷалби сармояи аврупоӣ ба соҳаи энергетикии Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Р. Солиев ба Урбан Руснак роҷеъ ба «Баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки ташаббускори он Тоҷикистон мебошад ва аз ҷониби СММ эълон гардидааст, ахбороти муфассал пешниҳод намуд.

Дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур дипломати тоҷик зарурият ва аҳамияти гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки дар ш. Душанбе моҳи августи соли равон гузаронда мешавад, қайд намуда, роҳбарияти Хартияро ҷиҳати иштирок дар он даъват намуд.

 Дар навбати худ Урбан Руснак ба ташаббуси Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки яке аз роҳбарони созмони мазкур дар чорабинии номбурда ширкат хоҳад варзид.

spot_imgspot_img

Популярное