Форуми муштарак ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон

Дар шаҳри Брюссел мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак баргузор гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот Сафири Тоҷикистон ва Дабири кулли Хартияи энергетикӣ имконияти гузаронидани форуми муштаракро дар шаҳри Брюссел дар нимаи аввали соли 2013 бо мақсади ҷалби сармояи аврупоӣ ба […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Брюссел мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо Дабири кулли Хартияи энергетикӣ Урбан Руснак баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот Сафири Тоҷикистон ва Дабири кулли Хартияи энергетикӣ имконияти гузаронидани форуми муштаракро дар шаҳри Брюссел дар нимаи аввали соли 2013 бо мақсади ҷалби сармояи аврупоӣ ба соҳаи энергетикии Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Р. Солиев ба Урбан Руснак роҷеъ ба «Баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», ки ташаббускори он Тоҷикистон мебошад ва аз ҷониби СММ эълон гардидааст, ахбороти муфассал пешниҳод намуд.

Дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур дипломати тоҷик зарурият ва аҳамияти гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи обро, ки дар ш. Душанбе моҳи августи соли равон гузаронда мешавад, қайд намуда, роҳбарияти Хартияро ҷиҳати иштирок дар он даъват намуд.

 Дар навбати худ Урбан Руснак ба ташаббуси Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки яке аз роҳбарони созмони мазкур дар чорабинии номбурда ширкат хоҳад варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.