Поинравии нархи бензин дар шаҳри Душанбе

Дар муқоиса бо моҳи январ моҳи феврали соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ нархи бензин ба андозаи 5-7% поин рафт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, поинравии нархи бензин ба рафтори субъектҳои хоҷагидорӣ дар бозор ё ба таври дигар ба рақобати солим дар ин бахш марбут аст. Бино ба маълумоти […]

Заррина Эргашева


Дар муқоиса бо моҳи январ моҳи феврали соли равон дар пойтахти ҷумҳурӣ нархи бензин ба андозаи 5-7% поин рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, поинравии нархи бензин ба рафтори субъектҳои хоҷагидорӣ дар бозор ё ба таври дигар ба рақобати солим дар ин бахш марбут аст.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, аввали моҳи феврал арзиши бензини навъи АИ-92 6 сомониву 30 дирам ва имрӯз аллакай 10 дирам поинтарро ташкил медиҳад. Моҳи январ бошад, нархи он нисбат ба нархи кунунӣ 20-30 дирам зиёдтар буд.

Ҳамчунин поинравии нарх ба бензини навъи АИ-95 низ ба мушоҳида мерасад. Моҳи январ як литри он беш аз 7 сомонӣ арзиш дошт ва аллакай моҳи феврал нархи он то 6,80-6,70 сомонӣ коҳиш ёфт.

Ғайр аз ин, дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон коҳиши нархи гази моеъ низ ба назар мерасад. Моҳи январ нархи он дар сатҳи 3,60 сомонӣ қарор дошта, имрӯз 1 литри он бо нархи 3,30 сомонӣ ба фурӯш меравад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати кишвар, моҳи январ ба Тоҷикистон 30 ҳазору 619 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта 6 ҳазору 804 тонна камтар мебошад. Воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон Русия буда, ҳиссаи он дар воридот беш аз 50%-ро ташкил медиҳад. Арзиши 1 тонна маҳсулоти нафтии воридотӣ ба ҳисоби миёна 1 ҳазору 180 доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Моҳи январи соли 2013 ҳаҷми воридоти гази моеъ аз Қазоқистон ба андозаи 3 ҳазору 870,9 тонна камтар шуда, ба 6 ҳазору 137 тонна дар як моҳ баробар шудааст. Як тонна гази моеъ бо нархи 660 доллари ИМА ворид гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.