Ифтитоҳи озмоишгоҳи нави ташхиси бемории сил дар пойтахт

Ба наздикӣ дар назди Маркази гастроэнтерологии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави ташхиси бемории сил ифтитоҳ мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил Фирӯз Давлатов хабар дод, барои сохтмон ва муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳ беш аз 15 млн. сомонӣ маблағ масраф гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан он якумин чунин озмоишгоҳи […]

Маҳпора Киромова


Ба наздикӣ дар назди Маркази гастроэнтерологии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нави ташхиси бемории сил ифтитоҳ мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил Фирӯз Давлатов хабар дод, барои сохтмон ва муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳ беш аз 15 млн. сомонӣ маблағ масраф гардида, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан он якумин чунин озмоишгоҳи муосир дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ хоҳад буд, зеро дорои сатҳи сеюми бехатарии биологӣ буда, барои кор бо микроорганизмҳои гурӯҳи хавф таъин шудааст ва ба талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ комилан ҷавобгӯ мебошад.

«Ифтитоҳи озмоишгоҳи нав ба табибон барои бо сифати хубтар ошкор сохтан ва табобати бемории сил кӯмак расонида, ба фаъолияти марказ ва нуқтаҳои тиббии мавҷуда оид ба табобати тамоми навъҳои бемории сил тақвият хоҳад бахшид», – иброз дошт вай.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор нафар беморони тоза ба бемории сил гирифторшуда ба қайд гирифта шудаанд, ки аксариятро шаҳрвандони синнусоли аз 30 то 50-сола ташкил медиҳанд.

Дар бунёди озмоишгоҳи мазкур ба Вазорати тандурустии ҶТ Фонди глобалӣ кӯмаки зиёди молӣ расонидааст. Маросими ифтитоҳи расмии озмоишгоҳ моҳи марти соли ҷорӣ баргузор мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.