ВКД: Мусодираи 26 кило нашъа дар як шабонарӯз

Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз 4 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, 26 кило маводи нашъаоварро дарёфт ва мусодира карданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни амалиёти кормандони милиса дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 32-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ва […]

ASIA-Plus


Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз 4 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, 26 кило маводи нашъаоварро дарёфт ва мусодира карданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, зимни амалиёти кормандони милиса дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 32-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ва сокини 38-солаи шаҳри Хоруғ боздошт шуда, аз онҳо мутаносибан 10 ва 1 кило ҳашиш мусодира гардидааст.

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд сокини 48-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 13 кило маводи нашъаовари ҳашиш боздошт шуда, дар минтақаи ҷануби кишвар низ аз кӯшиши даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст. Кормандони милисаи ноҳияи Шӯрообод як шахси қаблан се маротиба маҳкумшударо низ бо ҳудуди 2 кило маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис бозлошт намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.