Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Ҷумҳурии Сербия қадрдонӣ шуд

Бо фармони президенти Сербия Томислав Николич президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «барои саҳми босазо дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои осоишта ва муносибатҳои дӯстона» миёни кишварҳо бо ордени дараҷаи дуюми Ҷумҳурии Сербия сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии президенти Сербия дар шабакаи Facebook иттилоъ дода мешавад. Гуфта мешавад, ҳамчунин тибқи фармонҳои сарвари давлати Сербия […]

Аваз Юлдошев


Бо фармони президенти Сербия Томислав Николич президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «барои саҳми босазо дар рушд ва таҳкими ҳамкориҳои осоишта ва муносибатҳои дӯстона» миёни кишварҳо бо ордени дараҷаи дуюми Ҷумҳурии Сербия сарфароз гардонида шуд. Дар ин бора дар саҳифаи расмии президенти Сербия дар шабакаи Facebook иттилоъ дода мешавад.

Гуфта мешавад, ҳамчунин тибқи фармонҳои сарвари давлати Сербия тамоми президентҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ (ба ҷуз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо – Латвия, Литва ва Эстония) – сарони кишварҳои Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон низ бо ордени дараҷаи дуюми Ҷумҳурии Сербия мукофотонида шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки президенти Русия бо ордени дараҷаи якуми Ҷумҳурии Сербия сарфароз гардонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳӣ

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.