Таваҷҷуҳи раиси пойтахт ба ҳолатҳои истифодаи номатлуби замин

Аввали ҳафтаи равон таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки васеи роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеву панҷвақтаи шаҳр ва масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳолати заминистифодабарӣ, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, хизматрасониҳои тиббию коммуналӣ, […]

ASIA-Plus


Аввали ҳафтаи равон таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки васеи роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеву панҷвақтаи шаҳр ва масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳолати заминистифодабарӣ, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, хизматрасониҳои тиббию коммуналӣ, нарху наво ва ғановати бозори истеъмолӣ, риояи танзими расму ойинҳо, Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва фаъолияти ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ дар иртибот ба таъмини ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳр ва омодагиҳо ба татбиқи барномаҳои ободонии шаҳрдорӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳозирин хотиррасон намуд, ки рӯзҳои 2, 9 ва 16-уми марти соли 2013 баҳри истиқболи сазовори қудуми файзбори Наврӯз дар шаҳр ҳашарҳои умумишаҳрӣ бо таъин кардани корҳои ободонӣ ва ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ баргузор карда хоҳанд шуд.

Вобаста ба таъмини волоияти қонун оид ба заминистифодабарӣ ва аз рӯи таъинот ва муқаррароти  қонунгузорӣ аз ҷониби шаҳрвандон мавриди амал қарор доштани татбиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе роҷеъ ба додани иҷозат ба сохтмонҳои мухталиф, баҳри пешгирӣ  аз объекти хариду фурӯши ғайриқонунӣ қарор додани санадҳои мазкур М.Убайдуллоев дастур фармуд, ки комиссияи босалоҳияти  ҷамъиятӣ таъсис дода шавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Зарари офатҳои табиии ду рӯзи охир ба сокинони чанд шаҳру навоҳӣ

Ду рӯзи ахир дар пайи боришоти шадиди борон дар чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон сел омада, ба сокинон хисорот расонидааст. Ҳоло корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати...

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.