Афзоиши беш аз ду маротибаи истихроҷи ангишт

Аз оғози соли равон ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон қариб 2,3 маротиба афзуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон дар кишвар ҶСШК «Ангишт», КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб» ва КМ «Анзоб» ба истихроҷ ва коркарди ангишт машғул буда, аз оғози сол дар маҷмӯъ ҳудуди 25 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудаанд. Ба […]

Пайрав Чоршанбиев


Аз оғози соли равон ҳаҷми истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон қариб 2,3 маротиба афзуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, айни замон дар кишвар ҶСШК «Ангишт», КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб» ва КМ «Анзоб» ба истихроҷ ва коркарди ангишт машғул буда, аз оғози сол дар маҷмӯъ ҳудуди 25 ҳазор тонна ангишт истихроҷ намудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷода саҳми корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» хеле назаррас буда, то 20 феврали соли ҷорӣ дар он ба миқдори 17,6 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,7 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми фурӯши ангишт аз оғози соли равон зиёда аз 16,1 ҳазор тоннаро ташкил дода, аз ҷумла дар ин давра КВД «Ширкати алюминии тоҷик» 14 ҳазор тонна ангишт харидааст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ба 412 ҳазор тонна расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 175 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Айни замон дар саросари кишвар ҳудуди 2 ҳазор нуқтаҳои фурӯши ангишт амал мекунанд. Тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ 154 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолияташонро пурра бо ангишт ба роҳ монданд, ки талаботи умумии солонаи онҳо зиёда аз 200 ҳазор тонна ангиштро ташкил медиҳад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта

моҳи аввали соли равон

истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон беш аз ду маротиба афзуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.