Супориши Оқилов ҷиҳати суръатбахшӣ ба сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов оид ба масъалаи суръатбахшии корҳо дар сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон машварати корӣ баргузор намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар ҷараёни машварат нахуствазир муҳим будани сохтмони ин қитъаи роҳи оҳан барои рушди иқтисоди ҷумҳуриро таъкид намуда, изҳор намуд, […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов оид ба масъалаи суръатбахшии корҳо дар сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон машварати корӣ баргузор намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар ҷараёни машварат нахуствазир муҳим будани сохтмони ин қитъаи роҳи оҳан барои рушди иқтисоди ҷумҳуриро таъкид намуда, изҳор намуд, ки он ба афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва беҳбуди ҳамлу нақли маҳсулот тавассути роҳи оҳан дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар машварат зикр гардид, ки айни замон корҳои сохтмонӣ дар қисмати роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон мувофиқи реҷа идома дошта, чанде аз корҳои аввалиндараҷа ба итмом расидаанд.

Муҳиддинов қайд кард, ки Оқил Оқилов ба мақомоти раҳбарии вазоратҳои масъул ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҷиҳати баррасии лоиҳаи бештар арзонтари сохтмони роҳи оҳан, андешидани тадбирҳо барои имзои шартнома ва ҷустуҷӯву дарёфти воситаҳо дар ҳамдастӣ бо сохторҳои масъули Чин супоришҳо дод.

Ёдрас мекунем, ки масофаи роҳи оҳани ояндаи қисмати Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 46 километрро ташкил медиҳад. Барои амалисозии лоиҳа зиёда аз 120 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст. Ин роҳи оҳан бидуни убури қаламрави Ӯзбекистон минтақаи марказии кишварро бо вилояти Хатлон пайваста, масофаи роҳро 152 километр кӯтоҳтар мегардонад.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, арзиши сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 130 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, дар чаҳорчӯби он сохтмони 18 пули хурду бузург ва 1 нақб бо дарозии 2340 метр пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.