Шумори аъзои ҲХДТ ба 200 ҳазор нафар расид

Ахири ҳафтаи гузашта дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт маҷлиси тантанавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) доир гардид, ки дар кори он муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ин чорабинӣ Асрор Латиров ба 200-ҳазорумин аъзои ҲХДТ – яке аз фаъолони ҳизб дар минтақаи […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт маҷлиси тантанавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) доир гардид, ки дар кори он муовини раиси ҲХДТ Асрор Латипов иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ин чорабинӣ Асрор Латиров ба 200-ҳазорумин аъзои ҲХДТ – яке аз фаъолони ҳизб дар минтақаи мазкур Дилафрӯз Камолова шаҳодатномаи ҳизбӣ супурд. Шаҳодатнома аз ҷониби раиси ҳизб – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ба Дилафрӯз Камолова ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти ҲХДТ ба таври рамзӣ як телефони мобилии «Samsung» низ туҳфа тақдим карда шуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.