Эрон аз «Барқи тоҷик» қарзи Сангтӯда-2-ро тақозо намуд

Сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон аз ШСХК «Барқи тоҷик» тақозо намудааст, ки қарзаш ба нерӯгоҳи обиву барқии Сангтӯда-2-ро пардохт кунад. Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ» , ҳафтаи гузашта Бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ширкати “Барқи тоҷик”, тақозо намудааст, ки то замони ташрифи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод […]

Пайрав Чоршанбиев


Сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон аз ШСХК «Барқи тоҷик» тақозо намудааст, ки қарзаш ба нерӯгоҳи обиву барқии Сангтӯда-2-ро пардохт кунад.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

, ҳафтаи гузашта Бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ширкати “Барқи тоҷик”, тақозо намудааст, ки то замони ташрифи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, масъалаи пардохти қарзро ҳаллу фасл кунад.

Ёдрас мекунем, ки сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон санаи 20-уми марти соли равон дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ далели бо ин мазмун аз дипломатҳои эронӣ расидани мактубро тасдиқ накард. Ба қавли вай, ширкат барои нерӯи барқи аз нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дастрасшуда тибқи реҷаи пешакӣ мувофиқашуда миёни тарафҳо маблағ пардохт мекунад. «Миёни мо ҳеҷ мушкилие вуҷуд надорад», – итминон дод ӯ.

Дар сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки дар ин масъала танҳо мувофиқи дархости расмии хаттӣ посух хоҳанд гуфт.

Қаблан яке аз манбаъҳо дар маъмурияти нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки воқеъан ҳам ширкати «Барқи тоҷик» аз нерӯгоҳ қарздор аст, вале аз ифшои ҳаҷми маблағи қарз худдорӣ намуда, тавсия дод, ки посух ба ин саволро аз идораҳои давлатӣ ҷуё бояд шуд.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик» айни замон маблағи қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 50 млн. сомониро ташкил медиҳад. Дар ширкат изҳор намуданд, ки дар маҷмӯъ онҳо аз нерӯгоҳ дар ҳаҷми 69 млн. сомонӣ қарздор будаанд, вале 19 млн. сомониашро пардохт кардаанд.

Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Айни замон танҳо яке аз агрегатҳои нерӯгоҳ бо иқтидори 110 МВт мавриди амал қарор дошта, аз фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ зимни сафари қарибулвуқӯъи президенти Эрон ба Тоҷикистон интизорӣ меравад.

Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи гузашта мақомоти раҳбарии нерӯгоҳи Сангтӯда-1 низ аз пардохт нашудани қарзҳояш аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» изҳори нигаронӣ карда буд. Бино ба маълумоти маъмурияти нерӯгоҳ, феълан қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» дар назди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ҳудуди 320 млн. сомонӣ (67 млн. $)-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин ахири моҳи январи соли равон зимни нишасти хабарӣ дар ширкати «Барқи тоҷик зикр гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар масъалаи бозбинии пардохти қарзҳои ширкати «Барқи тоҷик» ба ҶСК «Сангтӯда-1» бо мақомоти раҳбарии Русия

мувофиқа ҳосил намояд.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.