Пешниҳоди раводид барои муҳоҷиронро Ш.Шабдолов ҳарзагӯӣ унвон кард

Дар робита ба пешниҳоди чанде аз вакилони Думаи Русия аз ҳизби коммунист перомуни ҷорӣ намудани раводид барои муҳоҷирони кории Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки ин пешниҳод ҳарзае беш нест ва он бо фармоиши нерӯҳои муайяне дар дохил ва ҳаттто шояд дар хориҷи кишвар рӯйи кор омадааст. «Бархе […]

Аваз Юлдошев


Дар робита ба пешниҳоди чанде аз вакилони Думаи Русия аз ҳизби коммунист перомуни ҷорӣ намудани раводид барои муҳоҷирони кории Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов изҳор намуд, ки ин пешниҳод ҳарзае беш нест ва он бо фармоиши нерӯҳои муайяне дар дохил ва ҳаттто шояд дар хориҷи кишвар рӯйи кор омадааст.

«Бархе аз коммунистони русиягӣ ба хотири шуҳрат ёфтан миёни мардум аз пешниҳоди андешаҳои бемаънӣ худдорӣ намеварзанд. Масалан, пешниҳоди сардабири ҳафтаномаи русиягии «Завтра» Александр Проханов бобати дар қаламрави собиқи шӯравӣ ташкил намудани як эътилофи коммунистӣ таҳти унвони «Иттиҳоди славянӣ» (Славянский союз») коммунистони собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба ҳайрату қаҳру ғазаб меорад. Ба ақидаи Проханов, коммунистони Осиёи Миёна бояд «Иттиҳоди мусулмонон»-ро таъсис бидиҳанд, ки ин як ҳарзагӯйие беш нест ва ҳеҷ як сиёсатмадори солимақл инро ҷиддӣ қабул надораду шарҳ ҳам намедиҳад», – таъкид дошт Шабдолов.

Дар идома вай зикр кард, ки бо назардошти изҳороти бемаънии ахири чанде аз намояндагони Ҳизби коммунисти Русия, метавон ба хулосае расид, ки онҳо ба монанди пешвои худ Геннадий Зюганов аз воқеияти имрӯзи Русия дар канор мондаанд. «Барои онҳо имрӯз Русия танҳо Маскаву вилояти Орёл аст», – иброз дошт ӯ.

«Эътимоди намояндагони Ҳизби коммунисти Русия дар Думаи Давлатӣ оид ба кофӣ будани нерӯи корӣ дар дохили кишварашон ва бинобар ин коҳиш додани квотаҳо барои муҳоҷирон дурӯғи маҳз аст. Онҳо бояд ба хубӣ донанд, ки дар манотиқи Русия натанҳо қувваи корӣ намерасад, балки дар деҳоти он кайҳост, ки касе зиндагӣ надорад. Сиёсатмадори ҳушманду иқтисодчии одӣ ҳам дарк мекунад, ки имрӯз Русия ба муҳоҷирони  кории зиёд ниёз дорад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.