Талаботи бақайдгирии дактилоскопӣ бекор карда шуд

Date:


Фармони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани тартиби гузаронидани бақайдгирии дактилоскопии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, инчунин шаҳодатномаи ронандагӣ» моҳи июли соли гузашта бекор карда шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, фармони мазкур бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои сохтакорӣ дар ҷараёни барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, аниқ намудани шахсияти шаҳрвандон ҳангоми гирифтани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва хориҷӣ, шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин гузаронидани баъзе амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиҳати паст кардани вазъи криминогенӣ дар ҷумҳурӣ, амалӣ намудани бақайдгирии ҳисоботи фаврӣ-маълумотӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ содир шуда буд.

Дар иттилои нашршудаи вазорат дар ин робита зикр мегардад, ки ин фармон ҳамчунин баҳри коркард, ба низом овардан, махфӣ нигоҳ доштан, додани онҳо барои истифода ба судҳо, мақомоти прокуратура, мақомоти тафтишоти пешакӣ, мақомоти таҳқиқ, мақомот оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебарад ва мақомоти фаъолияти системаи ҷиноию иҷроия нигаронида шуда буд.

Гуфта мешавад, бо сабаби иҷро гардидани мақсадҳои дар боло зикргардида, бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз 26 феврали соли 2013 ин фармон аз эътибор соқит  дониста шуда, барои иҷро ба раёсатҳо, хадамот ва ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ ирсол карда шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...