Шумори корбарони алоқаи мобилӣ ба 7 млрд. наздик мешавад

Иттифоқи байнулмилалии алоқаи электронӣ иттилоъ додааст, ки шумори корбарони алоқаи мобилӣ дар саросари ҷаҳон ба 7 млрд. нафар наздик мешавад. Ба иттилои манбаъ, аз нисф зиёди муштариёни телефонҳои ҳамроҳ дар қитъаи Осиё ба қайд гирифта шудааст. Ахири соли равон 96%-и аҳолии сайёра – 128% дар кишварҳои рушдёфта ва 89% дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта […]

Пайрав Чоршанбиев


Иттифоқи байнулмилалии алоқаи электронӣ иттилоъ додааст, ки шумори корбарони алоқаи мобилӣ дар саросари ҷаҳон ба 7 млрд. нафар наздик мешавад.

Ба иттилои манбаъ, аз нисф зиёди муштариёни телефонҳои ҳамроҳ дар қитъаи Осиё ба қайд гирифта шудааст. Ахири соли равон 96%-и аҳолии сайёра – 128% дар кишварҳои рушдёфта ва 89% дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта бо алоқаи мобилӣ фаро гирифта мешаванд.

Коршиносони Иттифоқи байнулмилалии алоқаи электронӣ афзоиши шумори минбаъдаи корбарони шабакаи Интернетро таъкид намуда, пешгӯи мекунанд, ки ахири соли ҷорӣ шумори онҳо 2,7 млрд. нафар ё худ 39%-и аҳолии сайёраро ташкил хоҳад дод.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, аввали соли равон шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон ба 3,7 млн. нафар расид, яъне аз ҳар 100 нафари аҳолӣ 47 нафар ба Интернет дастрасӣ доранд. Аввали соли 2011 шумори корбарони Интернет дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 800 ҳазор нафар ва аввали соли 2012 аллакай 1,8 млн. нафарро ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки аввали соли равон шумори муштариёни алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон ба 8,3 млн. нафар расид, ки 4,7 млн. нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.