Баррасии дурнамои вазъи Афғонистон дар Душанбе аз ҷониби ҳайати ИМА

Айни замон як ҳайати Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти сарварии муовини ёвари котиби давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Линн Трейсӣ ва муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Дэвид Сидни бо сафари корӣ дар Душанбе қарор доранд. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳайат бо мақомоти […]

ASIA-Plus


Айни замон як ҳайати Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти сарварии муовини ёвари котиби давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Линн Трейсӣ ва муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Дэвид Сидни бо сафари корӣ дар Душанбе қарор доранд.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳайат бо мақомоти расмии Тоҷикистон масоили марбут ба дурнамои вазъ дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ҳайати мазкурро ёвари намояндаи махсуси Департаменти давлатӣ оид ба Афғонистон ва Покистон сафир Ҷеймс Уорлик ва муовини фармондеҳи ситоди дастаи муштараки Нерӯҳҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон (ISAF) генерал-майор Лоуренс Николсон низ ҳамроҳӣ менамоянд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк ва яке аз роҳбарони бюрои департаменти давлатии ИМА оид ба масоили мубориза бо терроризм Ҷастин Сайберелл менависад, ҳукумати ИМА ташаннуҷи вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилоф аз Афғонистон дар соли 2014-ро пешбинӣ намекунад.

«Мо бар ин назарем, ки аз ҷониби ҷангиёни исломӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди ногузир вуҷуд надорад, вале аз таҳдиди маҳдуди феълан мавҷуда дар ин кишварҳо набояд хотирҷамъ шуд», – гуфтаанд онҳо дар ҷаласаи Кумита оид ба корҳои хориҷии Палатаи намояндагони Конгресси ИМА зимни баррасии масъалаи таҳдидҳои террористии исломгароён дар минтақаи Аврупову Осиё.

Р.Блейк ҳамчунин изҳор доштааст, ки пас аз соли 2014 ба собиқ кишварҳои шӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ на аслиҳа, балки қисмате аз техникаи дар Афғонистон истифодагардида дода хоҳад шуд.

«Аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути қаламравшон хориҷ шудани аслиҳаро намехоҳанд, аз ин рӯ, қисмати зиёди ин техника тавассути роҳи ҳавоӣ ё транзит тариқи қаламрави Покистон хориҷ хоҳад шуд», – афзудааст ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.