Худкушии сокини Хоруғ баъди санҷишҳои зиёди Раёсати КДАМ

Рӯзи 28-уми феврал сокини шаҳри Хоруғ, корманди филиали «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Хоруғ Ҳофиз Давлатхоҷаев даст ба худкушӣ зад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» хешовандони марҳум хабар доданд, онҳо ӯро дар гаражи начандон дуртар аз манзилаш ба дор овехта дарёфтаанд. Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Хоруғ ин далелро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки дар ҷисми марҳум аломатҳои […]

ASIA-Plus


Рӯзи 28-уми феврал сокини шаҳри Хоруғ, корманди филиали «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Хоруғ Ҳофиз Давлатхоҷаев даст ба худкушӣ зад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» хешовандони марҳум хабар доданд, онҳо ӯро дар гаражи начандон дуртар аз манзилаш ба дор овехта дарёфтаанд.

Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Хоруғ ин далелро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки дар ҷисми марҳум аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, хешовандони Давлатхоҷаев бар ин назаранд, ки пас аз рӯйдодҳои Хоруғ кормандони Раёсати КДАМ-и вилоят борҳо филиали «Тоҷиксттандарт»-ро мавриди санҷиш қарор додаанд.

«Шуъбаи ӯ ба додани сертификатҳои сифат ба маснӯоти тамокуи воридотӣ машғул буд. Чанде қабл аз ин ҳодиса кормандони Раёсати КДАМ бори навбатӣ ба назди Ҳофиз омада, бо ӯ муддати 2-3-соат суҳбат кардаанд. Пас аз ин ӯ бо хотири нохуш ба хона баргашта буд», – гуфтанд наздикони ӯ.

Акнун ҳамсар ва ду нафар фарзандони Давлатхоҷаев – толибилмони синфҳои 6 ва 8 бесаробон монданд.

Прокуратура ҳодисаи мазкурро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.