Дар манотиқи ҷумҳурӣ таъминот бо барқ боз зиёдтар шуд

Бо супориши ҳукумати кишвар, ширкати «Барқи тоҷик» муҳлати таъминоти аҳолӣ бо барқро дар манотиқи ҷумҳурӣ боз зиёдтар намуд. Шурӯъ аз 5-уми март аҳолии манотиқи кишвар дар як шабонарӯз 18 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», аз имрӯз ба баъд акнун ба сокинони тамоми манотиқи кишвар аз […]

Аваз Юлдошев


Бо супориши ҳукумати кишвар, ширкати «Барқи тоҷик» муҳлати таъминоти аҳолӣ бо барқро дар манотиқи ҷумҳурӣ боз зиёдтар намуд. Шурӯъ аз 5-уми март аҳолии манотиқи кишвар дар як шабонарӯз 18 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», аз имрӯз ба баъд акнун ба сокинони тамоми манотиқи кишвар аз соати 5:00-и субҳ то соати 23:00 барқ дода мешавад. Дар ширкат ин иқдомро ба  нисбатан нарм омадани фасли зимистон ва бо реҷаи дуруст истифода бурдани захираи обӣ-энергетикии кишвар дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 шарҳ медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи аввали моҳи октябри соли гузашта дар манотиқи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардида буд. Дар моҳҳои декабр ва январ вобаста ба зиёд будани талабот бо нерӯи барқ, сокинони кишвар то 6-7 соат, шурӯъ аз 11 феврал то 9 соат ва аз 25-уми феврал то 12 соат барқ мегирифтанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар бораи пурра барҳам додани маҳдудият сухан гуфтан ҳанӯз  барвақт аст, зеро он ба обуҳаво ва маҷрои рӯдхонаи Вахш вобаста аст, ки нерӯгоҳҳои асосии барқӣ дар он ҷойгиранд.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» аз аҳолӣ даъват ба амал оварданд, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода намуда, саривақт маблағи истифодаи онро пардохт намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд