Даъвати Швейтсария ба сармоягузории иқтисод

Дар Душанбе ҷаласаи аввали Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба кор шурӯъ кард. Ҷаласа муддати ду рӯз идома ёфта, дар ҷараёни он дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мешаванд. Имрӯз ҷонибҳо ҷаласаро бо баррасии масоили амалисозии лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузориҳо, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон шурӯъ намуданд. […]

Заррина Эргашева


Дар Душанбе ҷаласаи аввали Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Швейтсария оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба кор шурӯъ кард. Ҷаласа муддати ду рӯз идома ёфта, дар ҷараёни он дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ мешаванд.

Имрӯз ҷонибҳо ҷаласаро бо баррасии масоили амалисозии лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузориҳо, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон шурӯъ намуданд.

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматҷон Бӯриев зикр кард, ки сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон тамомили рушдро касб намуда, тайи 5 соли ахир ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 40% ва музди меҳнати миёна 3,5 баробар афзуда, дар доираи барномаи миллии миённамуҳлати «Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ», тӯли солҳои 2010-2012 аз ҳисоби амалисозии тадбирҳои зарурӣ оид ба таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, сатҳи камбизоатӣ то 39% коҳиш ёфт.

«Сарфи назар аз тамоми мушкилоти марбут ба буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, дар Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ идома дошта, бо назардошти иродаи сиёсии давлат дар ин самт, минбаъд низ он бемайлон густариш хоҳад ёфт», – гуфт ӯ.

Дар навбати худ, сафир, вакили Шӯрои федералӣ оид ба созишномаҳои тиҷоратии Швейтсария Эрик Мартен идомаи рушди иқтисоди Тоҷикистон дар партави буҳрони ҷаҳониро фоли нек номида, изҳори умедворӣ кард, ки он сол то сол ба коҳиш додани мизони фақр имкон фароҳам меоварад. «Узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат бешак ба рушди кишвар мусоидат намуда, мо ба расонидани кӯмаки техникиву машваратӣ дар ин самт ба Тоҷикистон омодаем», – иброз дошт вай.

Ҷонибҳо ҳамчунин аз сатҳи устувори ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Агар соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо 62,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас соли 2012 ин нишондиҳанда ба 95,7 млн. доллари ИМА баробар шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд