Раиси ИЖТ рӯзноманигоронро бо иди касбӣ табрик кард

Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов рӯзноманигорони кишварро бо иди касбиашон, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мегардад, табрик кард. Дар табрикномаи интишоршудаи раиси ИЖТ зикр мегардад, ки «имрӯз дар кишвар журналистон ба буҳрони шадиде мувоҷеҳ шудаанд, ки онро метавон буҳрони эътимоди хонанда ба навиштаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ва барномаҳои телевизиону радио унвон кард». Ба андешаи Сатторов, […]

Аваз Юлдошев


Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов рӯзноманигорони кишварро бо иди касбиашон, ки ҳамасола 11-уми март таҷлил мегардад, табрик кард.

Дар табрикномаи интишоршудаи раиси ИЖТ зикр мегардад, ки «имрӯз дар кишвар журналистон ба буҳрони шадиде мувоҷеҳ шудаанд, ки онро метавон буҳрони эътимоди хонанда ба навиштаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ва барномаҳои телевизиону радио унвон кард».

Ба андешаи Сатторов, сабаби зуҳури ин буҳрон агар аз як тараф коҳиши сатҳи эътимод ба маводи ВАО аз ҷониби хонандагон бошад, паҳлӯи дигари масъала ба мушкилоти иҷтимоиву маишие рабт дорад, ки рӯзноманигорону ВАО-и кишвар ҳамарӯза бо онҳо дучор мешаванд.

Дар идомаи табрикот гуфта мешавад, ки «мутаассифона, озодии баён дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ба сатҳи дилхоҳ нарасидааст». «Ба маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон бидуни шубҳа метавон зуд-зуд қатъ сохтани фаъолияти сомонаҳо, баррасии даъвоҳо нисбати журналистону ВАО-ҳои ҷудогона ва ғайраро нисбат дод», – таъкид мекунад раиси ИЖТ ва изҳори умедворӣ менамояд, ки соли ҷорӣ ба ин тамоилҳои манфӣ хотима бахшида мешавад.

Дар паёми табрикотии раиси ИЖТ изҳор мегардад, ки тӯли 21 соли соҳибистиқлолӣ аксари журналистони тоҷик баъзан ҳатто ба ивази ҷони худ баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон талош варзидаанд.

Бо ёдоварӣ аз таъсиси мактабҳои собиқадорони матбуоти тоҷик, А.Сатторов изҳори итминон кардааст, ки онҳо минбаъд низ баҳри омода кардани наслҳои нави намояндагони ВАО барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки санаи 11-уми март расман ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи 11-уми марти соли 1912 шумораи нахустини аввалин газетаи тоҷикии «Бухорои шариф» ба табъ расид. Вазифаи аввалиндараҷаи газетаи «Бухорои шариф» беҳбуди сатҳи маърифатнокии мардуми тоҷик маҳсуб меёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.