Номзадии журналист Раҷаби Мирзо ба курсии парлумон аз ҲДТ

Дата:


Ҳизби демократии Тоҷикистон аз номзадии журналисти маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо ба курсии парлумон дар маъракаи интихоботи вакил ба МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии №39-и Восеъ пуштибонӣ карданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Ҳизби демократи Тоҷикистон хабар дод, барои сабти Раҷаби Мирзо ба сифати номзад ба вакили парлумон то 15-уми март тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи интихоботи ҳавзавӣ пешниҳод хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон санаи интихоби вакил ба МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №39-и Восеъ ба ҷойи вакили хориҷшуда Рустам Латифов аз Ҳизби агарии Тоҷикистонро ба рӯзи 5-уми майи соли равон таъин кард.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустам Латифови чанде қабл бо фармони сарвари давлат раиси ноҳияи Восеъ таъиншуда ваколатҳои худро дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат супурд. 

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное