Табрики занону изҳори нигаронии президент аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон

Имрӯз президенти Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон занони ҷумҳуриро бо ҷашни Рӯзи модар табрик гуфта, аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори нигаронӣ намуд. Зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ин ҷашн сарвари давлат изҳор намуд, ки соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 484 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2011-ум 100 ҳодиса зиёд мебошад ва махсусан ҳодисаҳои […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз президенти Тоҷикистн Эмомалӣ Раҳмон занони ҷумҳуриро бо ҷашни Рӯзи модар табрик гуфта, аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ноболиғон изҳори нигаронӣ намуд.

Зимни суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ин ҷашн сарвари давлат изҳор намуд, ки соли гузашта аз ҷониби ноболиғон 484 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба соли 2011-ум 100 ҳодиса зиёд мебошад ва махсусан ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз тарафи наврасону ноболиғон зиёд шуда, дар давоми сол 95 ҳолатро ташкил додаанд, ки ин натанҳо ҳукумат, балки аҳли ҷомеаро низ ба ташвиш овардааст.

Дар ин робита сарвари давлат аз вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, зиёиён ва аҳли ҷомеа даъват ба амал овард, ки бо ҷалбу истифодаи тамоми имкониятҳо, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа, пеш аз ҳама, миёни наврасону ҷавонон қатъиян пурзӯр намуда, дар кори тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эхтиром гузоштан ба қонунҳо саҳм гузоранд.

Дар идомаи суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки пас қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки қариб 6 сол пеш қабул шуда буд, дар ин муддат дар мамлакат беш аз 800 ҳазор маърака барпо шуда, 9 миллиард сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон сарфа гардидааст ва зиёда аз 700 ҳазор сар чорво камтар забҳ шудааст.

Дар фарҷом сарвари давлат бонувони Тоҷикистонро самимона бо ҷашни Рӯзи модар табрик гуфта, ба онҳо умри дароз, саодати рӯзгор, хонаи обод, хотири ҷамъу осуда ва дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст комёбиҳо орзу кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.