Туҳфаи президент: Лимити барқ комилан бекор шуд

Имрӯз зимни вохӯрӣ бо занон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба макомоти дахлдор супориш дод, ки лимити истифодаи барқ дар манотиқи ҷумҳурӣ комилан бекор карда шавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ШХСК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, имрӯз, 7-уми март дар саросари кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ пурра барҳам дода мешавад. Сухангӯи ширкат хотиррасон […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз зимни вохӯрӣ бо занон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба макомоти дахлдор супориш дод, ки лимити истифодаи барқ дар манотиқи ҷумҳурӣ комилан бекор карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ШХСК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, имрӯз, 7-уми март дар саросари кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ пурра барҳам дода мешавад.

Сухангӯи ширкат хотиррасон намуд, ки даҳаи аввали моҳи октябри соли гузашта дар манотиқи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардида буд. Дар моҳҳои декабр ва январ вобаста ба зиёд будани талабот бо нерӯи барқ, сокинони кишвар то 6-7 соат, шурӯъ аз 11 феврал то 9 соат, аз 25-уми феврал то 12 соат ва аз 5-уми март то 18 соат барқ мегирифтанд.

Н,Ёдгорӣ зикр кард, ки ин иқдом ба  нисбатан нарм омадани фасли зимистон ва бо реҷаи дуруст истифода бурдани захираи обӣ-энергетикии кишвар дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 марбут аст.

«Танҳо тайи чанд соли ахир бо мавриди истифода қарор гирифтани иқтидорҳои нави энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳи Сангтӯда-1, агрегати аввали нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ва як қатор нерӯгоҳҳои хурди обиву барқӣ истеҳсоли нерӯи барқ дар кишвар қариб 1 ҳазор мегаватт зиёд шуд», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.