Раиси ҲУСДТ сохторҳои давлатиро дар таъқиб гунаҳкор месозад

Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматилло Зойиров изҳороти сиёсие пахш кард, ки дар он аз мавриди таъқиб қарор гирифтанаш изҳори ташвиш намудааст. Ӯ дар изҳороти пахшкардааш ба он ишора мекунад, ки пас аз таъсис ва фаъол кардани Кумитаи эътилоф пайваста зери таъқибу фишори мақомоти қудратӣ, аз ҷумла ВКД қарор доштаст. Сабаби асосии инро ӯ ба […]

Рамзия Мирзобекова



Раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматилло Зойиров изҳороти сиёсие пахш кард, ки дар он аз мавриди таъқиб қарор гирифтанаш изҳори ташвиш намудааст.

Ӯ дар изҳороти пахшкардааш ба он ишора мекунад, ки пас аз таъсис ва фаъол кардани Кумитаи эътилоф пайваста зери таъқибу фишори мақомоти қудратӣ, аз ҷумла ВКД қарор доштаст. Сабаби асосии инро ӯ ба фаъолияти Кумитаи эътилоф ва кӯшишҳояш барои ворид намудани тағйирот ба қонуни интихоботи президентӣ шарҳ дода, афзудааст, ки ин ҳама аз охири моҳи августи соли гузашта оғоз шуда, мақсад аз ин ворид накардани тағйирот ба қонуни интихоботи президентист.

Ба суд кашидани раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби шаҳрдории Душанбе, таҳдиди муовини худаш Шокирҷон Ҳакимовро низ ба фаъолияти ҳамин кумита марбут медонад. Ӯ таъкид мекунад, ки мақомот барои баргузор нашудани ҷаласаҳо ва мизҳои гирди Кумитаи эътилоф ба таври доимӣ кӯшиш мекунад ва бо ҳар роҳ ба кори Кумита дахолат мекунанд.

Яке аз сабабҳои зери таъсиру фишор қарор додани аъзоёни Кумитаи эътилофро изҳороти созмони сабтиномнашудаи Ҷунбиши миллӣ медонад. Ӯ гуфтааст: «Рӯзи 17 феврали 2013 Ҷунбиши миллии Тоҷикистон, як созмони ҷамъиятии сабтнагардида, бе ягон ҳамоҳангсозӣ бо Кумитаи эътилоф ё Раҳматилло Зойиров, тибқи нақшаҳои худ, Раҳматилло Зойировро ҳамчун номзади ягонаи худ ба вазифаи Президенти ҶТ пешниҳод намуд ва аз дигар созмонҳои манфиатдор хоҳиш кард, ки ин номзадро дастгирӣ намоянд. Ин пешниҳод мақомоти давлатии кишварро ба изтироб овард ва таъсиррасонӣ шиддатноктар гардид. Таъсиррасонӣ ба аъзои Кумитаи эътилоф, хусусан ба ҲУСДТ ва ҲНИТ, роҳбарияти ин ҳизбҳо ба як сатҳи нав баромад. Аз ҷумла, фишороварии ҳаматарафа ба ҲНИТ, раиси он М. Кабирӣ, ба муовини аввали раиси ҲУСДТ Ш. Ҳакимов ва ғайраҳо».

Нашри маводҳои интиқодӣ ва бо имзоҳои шубҳанок, дар рӯзномаҳои давлатиро аз шеваҳои дигари таъсиррасонӣ медонад: «Рӯзи 27 феврали соли 2013 дар «Народная газета» (№ 11(19877), нашрияи расмии ҳукумати ҶТ мақолае бо имзои Ю. Бобоеви вуҷуд надошта бар зидди Р. Зойиров бо сарлавҳаи «Прозрачный и чистоплотный, но одинокий Р. Зойиров» ба нашр расид, ки Р. Зойировро пурра бесалоҳият ва шахси ҳуқуқвайронкунанда эълон менамояд».

Дар изҳороти сиёсии пахшнамудаи Раҳматилло Зойиров, ҳамчунин аз таъқибу фишори кормандони ВКД низ гуфта шудааст:

– Аз 17 феврали соли 2013, яъне давоми 20 рӯзи охир, кормандони ВКД ҷойи зист ва телефонҳои собиқ ҳамкор, ҳамзист ва ҳамсояҳои Р. Зойировро (аз соли 1992-1993 то инҷониб) муқаррар намуда, ба назди онҳо омада, оид ба кору фаъолияти охирин пурсишу баёнотҳо гирифта, аз чандин нафари онҳо талаб намудаанд, ки нисбати Р. Зойиров ариза ба мақомоти қудратӣ пешниҳод намоянд, ки нисбати охирин тафтишот гузаронида шавад. Аз ҷумла, кормандони ВКД ҶТ Бахтиер Сафаров (тахминан 35 сола) ва Зарина (тахминан 45-47 сола), Сапарова У., Сапаров Ю. – ро аз ш. Душанбе ба Вазорати корҳои дохилӣ оварда, пурсиш гузаронда, баёнот мегиранд ва талаб менамоянд, ки нисбати Р. Зойиров ариза нависанд. Ду зани дигар бо номи Назира ва Муноҷотро аз ш. Душанбе ҳамин тавр пурсида, талаб мекунанд, ки онҳо ҳам ариза нависанд. Аз ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон чанд шаҳрвандро мепурсанд. Аз ҷумла, бо Даврон, дигараш ҳамсояи ӯ, ки муаллим мебошад ва ғайра. Худи, Давронро дар нақлиёти кормандони ВКД ба Душанбе меоранд ва дар Вазорати корҳои дохилӣ як шабу рӯз боздошта, пурсиш гузаронида, аз ӯ ҳам талаб мекунанд, ки нисбати Р. Зойиров ариза нависад. Аз ҳамаи номбаршудаҳо ва дигарон кормандони ВКД хоҳиш мекунанд, ки ба Р. Зойиров ягон гап назанед. Муҳим он мебошад, ки одамҳои номбаршуда дар солҳои гуногун ҳамзисту ҳамсояҳои ман будаанд ва то имрӯз муносибатҳои хуб дорем. Онҳо аз навистани ариза бар зидди ман даст кашиданд ва ба ман хабар додаанд.

Зойиров аз ин амали кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар тааҷҷуб афтода, суол мегузорад: «Агар Р. Зойиров раиси ҲУСДТ бошад, Кумита оид ба такмили қонунро якҷоя бо чанд созмонҳои дигар ва шахсиятҳои алоҳида ташкил карда талаб менамояд, ки интихобот шаффоф ва демократӣ гузарад, эҳтимолияти номзад ба вазифаи президентиро дошта бошад (пешниҳоди Ҷунбиши миллии Тоҷикистон аз 17.02. 2013 ҳоло ягон ҳолатро тақозо намекунад), чӣ гуна ҳуқуқвайронкунӣ мебошад, ки «айб» – ро бевосита ба Р. Зойиров пешниҳод накарда, мақомоти қудратӣ дарҳол аз пушти пайдо кардани «ҷиноятҳои» Р. Зойиров ва гирифтани аризаҳо аз шаҳрвандон нисбати ӯ мешаванд?  Ё дар ин кору фаъолияти кормандони ВКД ва дигар мақомотҳо супоришҳои махсус қарор дорад? Агар ин тавр идома ёбад, аз интихоботи президентии соли 2013 боз чиро мунтазир шавем?»

Раҳматилло Зойиров дар он изҳороти худ таъкид кардааст, ки вазифаталаб нест ва ин ҳаракатҳояш барои такмил додани қонуни интихобот, демократӣ ва шаффоф баргузор шудани интихобот, демократӣ гардидани давлатдорӣ ва ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳамчунин пайдо кардани номзади ягона аст. Ӯ инро вазифаи ҳизби сиёсӣ медонад, ки қонунгузории ҶТ тақозо мекунад. Ва таъкид мекунад, ки «ин вазифаи ҷонии мост ва мо бояд вазифаи худро иҷро намоем».

Ба андешаи ӯ, ки дар изҳороти пахшгардида омадааст, талошҳои онҳо барои дар Тоҷикистон вуҷуд доштани рақобати солим дар ҳама соҳаҳо, муаррифӣ шудани кадрҳои лоиқу сазовор, хусусан аз ҷавонҳо, ҳам аз мақомоти давлатӣ, ҳам аз мухолифин аст. Барои дар ҳақиқат ҷомеа ва давлати озод, демократӣ ва шаффоф будани Тоҷикистон аст.

Дар охир Раҳматилло Зойиров пешниҳод кардаст, ки дар якҷоягӣ номзади арзандаро дарёфт ва муҳокима кунем, шарту шароит ва сифатҳои номзади арзандаро муқаррар намоем, ҷомеаи кушоду боҷуръат бошем:

– ҲУСДТ омода аст, ки номзади сазоворро, ҳатто аз ҷавонони 35 ё 40 сола, ҳатто ғайриҳизбӣ, дастгирӣ кунад, ки барои Тоҷикистон, ба манфиати шаҳрвандони Тоҷикистон, на гурӯҳи худ ё манфиати инфиродӣ ё оилаи худ хидмат намояд. Мо омодаем, ки ин гуна номзадро дастгирӣ кунем. Аз Президент ва Ҳукумати ҶТ, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони МО ҶТ, кормандони мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш мекунам, ки биёед баҳсу мунозира кунем, номзади арзандаро муҳокима ва муаррифӣ кунем, биёед тақдири худро худ ҳал кунем.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.