Ҷароҳат бардоштани 6 нафар тоҷик дар Маскав

Субҳи рӯзи 9-уми март дар натиҷаи ҳамлаи шахси номаълум дар назди истгоҳи метрои «Теплый стан»- и шаҳри Москва 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд.  Тавре аз котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, кормандони Намояндагӣ муайян кардаанд, ки инҳо муҳоҷирони меҳнатӣ Назришо Шерови 29-сола ва Жоғараков Ҷӯрабеки 38-сола, зодагони н.Ванҷ, […]

ASIA-Plus


Субҳи рӯзи 9-уми март дар натиҷаи ҳамлаи шахси номаълум дар назди истгоҳи метрои «Теплый стан»- и шаҳри Москва 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд. 

Тавре аз котиби матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, кормандони Намояндагӣ муайян кардаанд, ки инҳо муҳоҷирони меҳнатӣ Назришо Шерови 29-сола ва Жоғараков Ҷӯрабеки 38-сола, зодагони н.Ванҷ, Некқадамов Манучеҳри 25-сола, зодаи н. Шуғнон, Ғафуров Мустафои 21-сола ва Мисқолов Рустами 25-сола, зодагонии ш.Норак буда, шахсияти нафари дигар муайян карда мешавад.

«Кормандони Намояндагӣ то ин дам аз вазъи саломатии 4 нафар, ки ба онҳо дар беморхонаҳои №7 ва №64 шаҳрӣ аллакай ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст, хабардор шуданд», – гуфт вай.

Ба иттилои манбаъ, вазъи саломатии онҳо хуб буда, зимни сӯҳбат яке аз ҷабрдидагон Мустафо Ғафуров ба корманди Намояндагӣ гуфтааст, ки  шахси номаълум бо истифода аз олоти худсози бурандаи хурд ҳангоми ба истгоҳи метро ворид шудан ба онҳо зарба задааст. Захми расида ба ҳаёти ӯ хатар надорад. Ду нафари дигар дар беморхонаи ба номи Склифасовскии шаҳри Москва қарор дорад.

Зимнан зикр гардид, ки осебдидагон дар корхонаи сохтмонии «ЧРИА-Гора», воқеъ дар хоҷагии «Коммунарка»-и наздикии ш. Москва ба сифати бинокор фаъолият доштаанд.

Аз рӯи ҳодиса аз ҷониби    ШКД ноҳияи Ясенево парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.