Таваҷҷуҳи корхонаҳои сементи Покистон ба ҳамкорӣ

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Исломобод вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов бо раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони сементи Покистон ва роҳбарони корхонаҳои бузурги сементи ин кишвар доир гардид. Бино ба иттилои намояндагии Душанбе дар Исломобод, ҳайати Покистонро дар ин мулоқот таҳти сарварии роҳбари Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони сементи Покистон ҷаноби Калим Аҳмад Мубин, менеҷери кулли ширкати «Fauji cement» […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Исломобод вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов бо раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони сементи Покистон ва роҳбарони корхонаҳои бузурги сементи ин кишвар доир гардид.

Бино ба иттилои намояндагии Душанбе дар Исломобод, ҳайати Покистонро дар ин мулоқот таҳти сарварии роҳбари Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони сементи Покистон ҷаноби Калим Аҳмад Мубин, менеҷери кулли ширкати «Fauji cement» Муҳаммад Иқбол, менеҷерҳои ширкати «Askari cement»  Раҷа Ғаюр Ашраф, ширкати «Fecto Cement» Хофиз-ур-Рахмон, ширкати «Lafarge» Тариқ Маҳмуд Раҷа, ширкати «Lucky cement» Аҳмад, менеҷери кулли ширкати «Cherat cement» Аршад Хон ва роҳбарони корхонаҳои сементи «Kohat cement» ва «Maple Leaf cement» намояндагӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот масоили истеҳсол ва таҳвили семент, сармоягузорӣ ба сохтмон ва мавриди истифода қарор додани корхонаҳои истеҳсоли семент, тақвият бахшидан ба робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, рушди зербинои васоити ҳамлу нақл ва транзити Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.