Қатъи фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шурӯъ аз 10-уми март истеҳсоли қувваи барқ ва интиқоли гармӣ ба муштариён аз Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе боздошта шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, қарори мазкур дар робита ба муроҷиати ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба комилан бекор шудани лимити истифодаи барқ ва мусоид омадани […]

Аваз Юлдошев


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, шурӯъ аз 10-уми март истеҳсоли қувваи барқ ва интиқоли гармӣ ба муштариён аз Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе боздошта шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, қарори мазкур дар робита ба муроҷиати ШСХК «Барқи тоҷик» оид ба комилан бекор шудани лимити истифодаи барқ ва мусоид омадани обуҳаво дар моҳи март қабул шудааст.

«Мақомоти раҳбарии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе бояд ба корҳои омодасозии иншоот ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2013-2014 шурӯъ намоянд», – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Ёдрас мекунем, ки мавсими аз ин пешро Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе 25-уми декабри соли гузашта оғоз карда буд. Маркази мазкур соли 1968 бо иқтидори 198 МВт ба истифода дода шуд. Дар марказ ба сифати сӯзишвории асосӣ – гази табиӣ ва сӯзишвории эҳтиётӣ – мазут истифода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.