Рад шудани дархости истирдоди У.Қувватов аз АМА

Айни замон ҳукуматдорони Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) дархости Душанбеи расмӣ ҷиҳати истирдоди мухолифи тоҷик Умаралӣ Қувватовро рад намуда, мурофии додгоҳӣ оид ба баррасии масъалаи мазкурро то 10-уми апрел мавқуф гузоштанд. Николай Николаев, ҳимоятгари Қувватов дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки рӯзи 10-уми март дар мурофиаи навбатии додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи У.Қувватов […]

ASIA-Plus


Айни замон ҳукуматдорони Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) дархости Душанбеи расмӣ ҷиҳати истирдоди мухолифи тоҷик Умаралӣ Қувватовро рад намуда, мурофии додгоҳӣ оид ба баррасии масъалаи мазкурро то 10-уми апрел мавқуф гузоштанд.

Николай Николаев, ҳимоятгари Қувватов дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки рӯзи 10-уми март дар мурофиаи навбатии додгоҳӣ оид ба баррасии парвандаи У.Қувватов чунин қарор қабул шудааст.

«Ҷаласаи додгоҳии дирӯза аз ҷаласаҳои пешин бо он фарқ мекард, ки сарфи назар аз пӯшида будани мурофиа, он ба сатҳи назари умум қарор гирифт, яъне ҷаласаҳои додгоҳӣ бо огоҳии ҳамагон таъин гардида, дар ҷараёни мурофиа дархост ва иҷрои дигар амалҳоро пешниҳод кардан имконпазир аст. Қаблан имконияте мавҷуд буд, ки Қувватов бидуни суду тафтишот мутобиқи созишномаи байниҳукуматӣ истирдод гардад», – таъкид кард ҳимоятгар.

Ба қавли вай, дар навбати худ Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар истирдод шудани Қувватов исрор меварзад. «Чунин ба назар мерасад, ки суд ба тасмими ниҳоӣ расида наметавонад. Мо ба манфиати Қувватов асноди иловагӣ пешниҳод кардем ва айни замон суд онро барои рад кардани қонеъ намудани талаботи онҳо асос шумурд», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки санаи 9-уми январи соли равон зимни нишасти хабарӣ прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати истирдоди пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24», шаҳрванди ҷумҳурӣ Умаралӣ Қувватов дархост ирсол кардааст.

Ахири моҳи феврали соли равон Николай Николаев, ҳимоятгари Қувватов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки онҳо

ба баррасии кушоди масъалаи истирдоди

зерҳимояашон ба Тоҷикистон муваффақ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки Умаралӣ Қувватов рӯзи 23-юми декабри соли 2012 дар фурудгоҳи шаҳри Дубай аз сӯи маъмурони амниятии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи афроди наздик ба Қувватов, ӯ бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт. Тоҷикистон бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди истирдоди гумонбарҳо 5 сол пеш созишнома имзо карда буд.

Тибқи маълумоти гуногун, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд. Онҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияи сиёсии мухолифини ҳуккумати Тоҷикистон – «Гурӯҳи 24» эълом доштанд, ки онро Умаралӣ Қувватов сарварӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.