Сокини Душанбе мақомоти давлатиро ба беамалӣ гунаҳкор мекунад

Сокини шаҳри Душанбе Акбар Бердиев мақомоти дахлдори Тоҷикистонро дар беамалӣ нисбат ба тафтишоти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки дар он бародараш ба ҳалокат расид, гунаҳкор медонад. «Аз замони ҳалокати бародари ман, Неъматҷони Бӯриеви 52-сола дар пойтахт шоми 29-уми декабр зиёда аз дуним моҳ сипарӣ шуд, вале тафтишот то ҳанӯз дар ҳамон ҳолати аввала боқӣ мондааст», – […]

Аваз Юлдошев


Сокини шаҳри Душанбе Акбар Бердиев мақомоти дахлдори Тоҷикистонро дар беамалӣ нисбат ба тафтишоти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки дар он бародараш ба ҳалокат расид, гунаҳкор медонад.

«Аз замони ҳалокати бародари ман, Неъматҷони Бӯриеви 52-сола дар пойтахт шоми 29-уми декабр зиёда аз дуним моҳ сипарӣ шуд, вале тафтишот то ҳанӯз дар ҳамон ҳолати аввала боқӣ мондааст», – иброз дошт вай.

Ҳамзамон ӯ иттилоъ дод, ки аз муроҷиатҳои чандинкаратааш ба унвони президенти ҷумҳурӣ, ВКД, ВКХ ва Прокуратураи генералӣ низ оид ба ин масъала ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

«То имрӯз мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва сафорати ИМА дар ҶТ оид ба масъалаи баргузории ташхиси техникии автомашинаи дорои рақамҳои дипломатии 004 D 055 ба мувофиқа расида наметавонанд. Ба қавли шоҳидони ҳодиса, маҳз ҳамин автомашина ба бародари ман бархӯрдааст», – таъкид дошт Бердиев.

Ёдрас мекунем, ки

шоми рӯзи 29-уми декабр

дар мавзеи буриши кӯчаи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ як  автомашина ба роҳгузар, сокини 52-солаи пойтахт, соҳибкори инфиродӣ Неъматҷон Бӯриев бархӯрда, худи ҳамон рӯз ин роҳгузар аз ҷароҳатҳои бардошта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ба ҳалокат расид.

Қаблан Акбар Бердиев, бародари соҳибкори ҳалокшуда хабар дода буд, ки ба қавли шоҳидон, бародари ӯро автомашинаи дорои рақамҳои дипломатӣ – 004 D 055 пахш намудааст. Рақамҳои дипломатии зикршуда ба сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон тааллуқ доранд. Чанде баъдтар тамғаи автомашина – Volkswagen Tuareg низ муайян карда шудааст.

«Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, пас аз пахш намудани роҳгузар, автомашина суръати ҳаракатро каме паст карда, сипас дарҳол аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Кормандони БДА ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, далелҳои шайъӣ – қисмати бампери пеш, панҷара ва чароғҳои равшанидиҳиро бо худ гирифтаанд. То ҷое, ки ман огаҳам, кормандони БДА автомашинаро дар манзили хусусие  дар кӯчаи Чехов, ки кормандони сафорати ИМА онро иҷора гирифтаанд, дарёфт намудаанд, вале баъдтар автомашинаро ба қаламрави сафорат дар ИМА бурдаанд», – гуфта буд А.Бердиев.

Баъди гузашти чанд муддате аз ҳодисаи мазкур

сафорати ИМА дар Тоҷикистон

дар робита ба масъалаи садамаи нақлиёт, ки дар рух додани он корманди сафорат гумонбар дониста шуда, ҷабрдида ба ҳалокат расид, изҳор намуд, ки бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар мавриди ин қазия ҳамкорӣ дошта, намояндагии дипломатии ИМА ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.