Эълони барандагони Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) натиҷаҳои озмуни навбатии асарҳои публисистӣ ва маводи журналистӣ барои дарёфти ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2012-ро ҷамъбаст намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари комиссия оид ба ҷоизаҳои ИЖТ Умари Шерхон хабар дод, танҳо аъзои ИЖТ ҳуқуқи дар озмун иштигрок карданро дошта, мавод ба озмун аз ҷониби бахшҳои аввалияи […]

Аваз Юлдошев


Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) натиҷаҳои озмуни навбатии асарҳои публисистӣ ва маводи журналистӣ барои дарёфти ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои соли 2012-ро ҷамъбаст намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари комиссия оид ба ҷоизаҳои ИЖТ Умари Шерхон хабар дод, танҳо аъзои ИЖТ ҳуқуқи дар озмун иштигрок карданро дошта, мавод ба озмун аз ҷониби бахшҳои аввалияи ИЖТ ё раёсати муассисаҳои эҷодӣ пешниҳод гардид.

«Дар номинатсияи беҳтарин мавод дар ВАО-и чопӣ мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидмурод Фаттоев ва сармушовири давлатии президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Мансур Сайфиддинов барои очерки «Президенти мардумӣ» ба Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд», – гуфт вай.

Ба қавли ӯ, дар ин номинатсия ҳамчунин журналистон Давлатхоҷа Назиров (барои силсилаи очеркҳо таҳти унвони «Фархор – одамони ту»), Илҳоми Ҷамолиён (барои силсилаи очеркҳо дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд»), Зафари Сӯфӣ (барои силсилаи мақолаҳо оид ба мушкилоти ВАО-и тоҷик) ва Беҳрӯзи Забеҳулло (барои таблиғи фарҳанги тоҷикон дар матбуоти хориҷи) низ ба Ҷоизаи ба номи А.Лоҳутӣ шарафёб гардиданд.

«Ҷоиза барои маводи беҳтарин дар радиову телевизонро Гуландом Ашӯрова ва Гулчеҳра Сатторова соҳиб шуданд. Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои кори беҳтарини илмиву таҳқиқотии журналистӣ – дастури таълимӣ оид ба журналистика ба Қаҳҳори Расулиён тақдим гардид», – афзуд Шерхон.

Зимнан зикр гардид, ки маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун имрӯз дар санаи таҷлили ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик супурда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.