Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботи миёндаврии вакили палатаи поёнии парлумон, ки санаи 5-уми май таъин шудаанд, номзад пешбарӣ карданӣ нест.
Муовини раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳайит дар ин робита ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки вақте намояндагони тамоми аҳзоби сиёсии кишвар ба фаъолияти комиссияҳои минтақавии интихоботӣ оид ба интихоби вакили МН МО ҶТ роҳ дода намешаванд, дар бораи мунсифона ва шаффоф будани интихобот ҳарфе гуфтан зарурате надорад.
Ба қавли ӯ, намояндаи ҲНИТ ба ҳайати комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоби вакили палати поёнии парлумон аз қитхъаи интихоботии №39-и Восеъ шомил гардидааст.
«Аммо тақдири интихобот на дар комиссияҳои ҳавзавии интихобот, балки дар комиссияҳои минтақавии интихоботӣ, ки дар он интихобкунанда бевосита раъй медиҳад, ҳал мегардад», – таъкид дошт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон санаи интихоби вакил ба МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №39-и Восеъ ба ҷойи вакили хориҷшуда Рустам Латифов аз Ҳизби агарии Тоҷикистонро ба рӯзи 5-уми майи соли равон таъин кард.
Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустам Латифови чанде қабл бо фармони сарвари давлат раиси ноҳияи Восеъ таъиншуда ваколатҳои худро дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат супурд.




