Субҳи имрӯз дар Кохи Миллат мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер ва сипас музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб доир гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ 3 санади нави ҳамкорӣ – Протокол ба Протоколи Конвенсия миёни Тоҷикистон ва Австрия оид ба канорагирӣ ва андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи федеролии тиҷоратии Австрия ва Ёддошти тафоҳум миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди ҳукумати Тоҷикистон ва Институти стандартизатсияиАвстрия ба имзо расид.
Хотиррасон бояд намуд, ки созишномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба рӯзи 7 июни соли 2011 дар шаҳри Вена зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Австрия имзо шуда буд.
Пас аз маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Зимни изҳороти матбуотии худ сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер муносибатҳои Тоҷикистону Австрияро дорои дурнамои хуб номиданд.



