Э.Раҳмон: Мо Австрияро шарики боэътимоди худ медонем

Субҳи имрӯз дар Кохи Миллат мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер доир гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон Австрияро аз ҷумлаи шарикони муҳиму боэътимоди худ дониста, ҳавасманди рушди минбаъдаи ҳамёрии созанда бо он дар арсаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз дар Кохи Миллат мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер доир гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон Австрияро аз ҷумлаи шарикони муҳиму боэътимоди худ дониста, ҳавасманди рушди минбаъдаи ҳамёрии созанда бо он дар арсаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ аст.

Ҳайнтс Фишер ҳавасмандии Австрияро ба густариши ҳамкории гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон таъкид дошта, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шудани кишвари Тоҷикистонро «заминаи хуб барои тавсиаи робитаҳои судбахш» маъндод кард.

«Мавқеи ба ҳам наздик ё монанд оид ба мавзӯъҳои умдаи байналмилалӣ, ки Тоҷикистону Австрия доранд, низ заминаи хуби сиёсӣ барои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар аст», – таъкид кард президенти Тоҷикистон.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт ва сармоягузорӣ, аз ҷумла энергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нақлиёту иртиботот, истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ғайра самтҳои ояндадори муносиботи ду кишвар номида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.