Корбурди иқтидорҳои нави КМ «Зарафшон» дар арафаи Наврӯз

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи ғанисозӣ ва коргоҳи поксозии тило (аффинажӣ) дар корхонаи истеҳсоли тилои «Зарафшон» баргузор мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, чанде қабл вазири энергетикава саноати кишвар Гул Шералӣ сармоягузорони КМ «Зарафшон»-ро ба ҳузур пазируфт. Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот аз […]

ASIA-Plus


Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз маросими мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи ғанисозӣ ва коргоҳи поксозии тило (аффинажӣ) дар корхонаи истеҳсоли тилои «Зарафшон» баргузор мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, чанде қабл вазири энергетикава саноати кишвар Гул Шералӣ сармоягузорони КМ «Зарафшон»-ро ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти мулоқот аз тарафи сармоягузорон иттилоъ дода шудааст, ки фабрикаи ғанисозӣ бо иқтидори коркарди 2000 тн. маъдан дар як шабонарӯз ва сохтмони коргоҳи поксозии тилло пурра ба итмом расида, дар арафаи иди Наврӯз ба истифода дода мешаванд.

Инчунин аз тарафи сармоягузорони ширкат сохтмони фабрикаи ғанисозӣ дар соли 2014 бо иқтидори 10000 тн. маъдан дар як шабонарӯз ба анҷом расонида мешавад, ки ин барои таъсис додани ҷойҳои кории нав барои зиёда аз 200 нафар имконият медиҳад.

Ҳамчунин дар мулоқот масъалаҳои сохтмони коргоҳи металлургии коркарди мис, дӯзандагӣ, заргарӣ ва иншоотҳои маишӣ-иҷтимоӣ, мактаб, боғчаи кӯдакона ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вазири энергетика вусъат бахшидани корҳо дар самтҳои зикргардидаро таъкид намудааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007 баҳри таҷдиду азнавсозии корхона аз ҷониби ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин 144 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо шуда, он барои афзудани иқтидори истеҳсолии корхона шароити мусоид фароҳам овард. Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 2,4 ҳазор кило тило истихроҷ шудааст, ки зиёда аз 1,5 ҳазор килои он ба КМ «Зарафшон» рост меояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.