Интиқоли 3 млрд. 651 млн. $ аз Русия ба Тоҷикистон

Аз рӯйи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия дар соли гузашта Тоҷикистон мақоми дуввумро ишғол карда, дар ин давра танҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон аз тоҷикон бештар маблағ ба ватан фиристодаанд. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 651 млн. доллари […]

Пайрав Чоршанбиев


Аз рӯйи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия дар соли гузашта Тоҷикистон мақоми дуввумро ишғол карда, дар ин давра танҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон аз тоҷикон бештар маблағ ба ватан фиристодаанд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 651 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Соли гузашта маблағи пулии аз ҳама бештарро шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Русия ба ватан фиристодаанд, ки он ба 5 млрд. 693 млн. доллари ИМА баробар аст. Мақоми сеюм дар ин рӯйхатро бо интиқоли 3 млрд. 162 млн. $ Украина касб кардааст. Маблағи умумии соли гузашта аз Русия ба кишварҳои дигар интиқолшуда ҳудуди 49 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти омории Бонки марказии Русия, ҳаҷми умумии маблағи воридшудаи шахсони воқеӣ ба Русия дар соли гузашта каме бештар аз 14 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Соли 2012 аз Тоҷикистон ба Русия ба манфиати шахсони воқеӣ 425 млн доллари ИМА маблағ интиқол шудааст.

Сегонаи пешсафи кишварҳои аз ҳама бештар дар соли 2012 ба Русия маблагӣ пулӣ воридкардаро Швейтсария (2 млрд. 370 млн. $), Кипр (1 млрд. 190 млн. $) ва Қазоқистон (1 млрд. 107 млн. $) ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, соли гузашта шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 3,8 млрд. доллари ИМА маблағ интиқол додаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.