Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ 5% афзуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон 785,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5% ё худ 41,4 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили 300 млн. доллари ИМА шудааст. Дар […]

Пайрав Чоршанбиев


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон 785,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5% ё худ 41,4 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили 300 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 70 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 60 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол беш аз 242,5 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳҳои соли гузашта 18%  ё худ 37 млн. $ зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 543 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 12% ё худ 78 млн. $ камтар аст.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта соли равон ҳаҷми воридоти маҳсулоти ғизоии тайёр ба андозаи 25%, маҳсулоти минералӣ – 24%, мошину таҷҳизот – 17%, маҳсулоти кимиёвӣ – 16%, воситаҳои нақлиёт – 10% ва маҳсулоти рустанӣ ба миқдори 15 % коҳиш ёфт.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 2 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 57 млн. $ зиёда аз 50 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Аз ҷумла, моҳи феврал ба ҷумҳурӣ ба маблағи ҳудуди 22 млн. $ беш аз 20 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи вазн – 37% ва аз рӯи арзиш – 45% камтар мебошад.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 132 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Туркия – 114 млн. $, Қазоқистон – 107 млн. $ ва Чин – беш аз 95 млн. $-ро ташкил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.